«Ояндасоз»-ояндасоз барои насли ҷавон
ХОРУҒ, 11.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон бахшида ба Соли ҷавонон дар байни муассисаҳои таълимии ин ҷамоат аз рӯи фанҳои забони модарӣ, забони англисӣ ва математика озмун баргузор шуд. Озмун бо ширкати 60 хонанда дар ҳузури волидону омӯзгорон, шахсони барӯманди деҳа доир гашт. Сарпарасти озмун, директори Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Бунёд» Гуламадшо Шосафедов гуфт, ки «аз тарафи Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон намудани соли 2017 иқдоми хеле муфид ва саривақтист, зеро 70 фоизи аҳолии кишвари моро ҷавонони то 30- сола ташкил медиҳанд. Ин як неруи бузург аст ва агар ҳар яки мо, бузургсолон сарфи назар аз касбу кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ ба мақсади равона кардани неруи зеҳнии ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳм бигирем, воқеан Тоҷикистон ба як кишвари пешрафта ва шукуфон табдил меёбад».
Ба ғолибони озмун ифтихорномаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.
Мудири шуъбаи маорифи ин ноҳия Хуҷаназар Холиқназаров яке аз омилҳои пешрафти таълим ва тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумиро ба кумаку дастгирии аҳли ҷомеа нисбат дода, изҳор дошт, ки маҳз ҳамин ҳамкорӣ имкон дод хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар се соли охир дар олимпиадаҳои фаннӣ пай дар пай мақоми аввалро соҳиб шаванд.
Ҳоло дар ҳамаи таълимгоҳҳо бахшида ба Соли ҷавонон мулоқоту суҳбатҳо бо ҷавононе, ки дар касбу корашон ба комёбии чашмрас ноил шудаанд, идома дорад. Зиёда аз 60 нафар кӯдакону наврасони ҳунарманд дар озмуни телевизионии «Дурдона 2017» ширкат доранд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






