Парвози таърихии «Ozbekiston havo yollari» ба Душанбе баъди 25 соли таваққуф
ДУШАНБЕ, 11.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст баъд аз 25 соли таваққуф субҳи 11 апрел ҳавопаймои Airbus A320, мутааллиқ ба ширкати ҳавонавардии Ӯзбекистон «Ozbekiston havo yollari» бо 29 мусофир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ба роҳ мондани хати парвоз байни Душанбе ва Тошканд, ки ба таҳкими дӯстиву бародарӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамсоя- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат менамояд, қадами муассирест дар самти тавсеаи дурнамои робитаҳои Душанбе ва Тошканд.
Бояд тазаккур дод, ки мусофироне, ки тавассути хатсайри Тошканд- Душанбе 11 апрел ба пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ташриф оварданд, зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки ҳангоми парвоз бидуни ягон мушкилот бо дастрас намудани раводиди электронӣ аз Сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ба Душанбе омадаанд.
Анвар Қудратуллоев, як тан мусофир гуфт, ки ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи молҳои саноатии Ӯзбекистон, ки ҳафтаи оянда дар Душанбе ташкил карда мешавад, ба Тоҷикистон омадааст. Мусофири дигар бо номи Дилшод гуфт, ки «ман хеле шодам, ки бо ифтитоҳи нахустин хатсайри Тошканд-Душанбе бори аввал ба Тоҷикистон омадам. Ба роҳ мондани хатсайри ҳавоӣ байни ду кишвар, ки онҳоро аз қадимулайём робитаҳои неки дӯстиву бародарӣ бо ҳам мепайванданд, ба таҳкими робитаҳо замина мегузорад».
Парвози ҳавопаймо дар хатсайри Тошканд-Душанбе 45 дақиқаро ташкил дода, арзиши чиптаи ҳавопаймо дар ин хатсайр 140 доллар аст, ки он дар шароити феълӣ барои мардуми оддӣ гарон арзёбӣ мегардад.
Инчунин интизор меравад, ки имрӯз ҳавопаймои ширкати «Ozbekiston havo yollari» аз Душанбе ба самти Тошканд парвоз намояд.
Мавриди зикр аст, ки ҳафтаи сипаригашта дар Душанбе ширкати «Ozbekiston havo yollari» намояндагии худро расман ифтитоҳ намуда, зимни нишасти матбуотӣ роҳбарияти ширкати мазкур ба хабарнигорон доир ба фаъолият, зарфиятҳо ва ҳузури ширкати ҳавонардии «Ozbekiston havo yollari» дар бозори ҳавопаймоии минтақа ва ҷаҳон гузориш дод. Зикр гардид, ки «Uzbekistan Airways» ширкати миллии ҳавонавардии Ӯзбекистон буда, соли 1992 бо мақсади рушди бахши ҳавонавардии миллии Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.
«Узбекистон Ҳаво Йулларӣ» алҳол дар 25 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дошта, ба 40 шаҳри бузурги қораи Осиё ва Аврупо парвоз анҷом медиҳад ва дорои 15 ҳазор корманд ва мутахассис аст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






