Рӯшон: даъвати донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои дақиқ
ХОРУҒ, 11.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар Хоҷаназар бо 200 нафар наврасону ҷавононе, ки дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев, муассисаи давлатии Мактаби президентӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ таҳсил мекунанд, мулоқот анҷом дод.
Раиси ноҳия донишҷӯёнро даъват кард, ки аз шароиту имконоти мусоиде, ки имрӯз барои донишандӯзӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят фароҳам шудааст, самаранок баҳра баранд. Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми тадбирҳоро меандешад, то ҷавонони кишвар донову оқил, дурандешу бофаросат ва кордону коромӯз бошанд. Дар ҷаҳони муосир бидуни донистани илму технологияи нав, ду-се забони хориҷӣ ва илмҳои дақиқ дар касбу кори худ муваффақ шудан ғайриимкон мебошад. Имсол бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи бештари ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва ширкати фаъоли онҳо дар рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии кишвар Соли ҷавонон эълон гардид. Зеро дар чанд соли охир шавқи ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва техникаву технологияи муосир коҳиш ёфтааст. Аз ин рӯ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ аз ҳузури ками ҷавонон дар ҷодаи илмҳои дақиқ изҳори нигаронӣ намуда, бори дигар таъкид намуд, ки «дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад. Бо мақсади беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар ин самт ва истифодаи амалии онҳо дар рушди истеҳсолоти ватанӣ пешниҳод менамоям, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникаву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву пажӯҳишӣ ҷалб карда шаванд».
Раиси ноҳия ба як гурӯҳ муҳассилину донишҷӯёне, ки ҳам дар таҳсил ва ҳам дар чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ ҳамеша пешсаф мебошанд, ифтихорнома ва кумаки яквақтаи пулӣ супурд.