САДОЕ ҲАМПОИ РӮЗГОРОН: тӯли беш аз 8 даҳсола радио тавонист арзишҳои волои миллиро ба тамоми манотиқи кишвар ва берун аз он паҳн намояд

Апрель 10, 2017 17:15

ДУШАНБЕ, 10.04.2017./АМИТ «Ховар»/.  10 апрели соли 1930 соати 10-и рўз дар фазои пойтахти Тоҷикистон бори нахуст садои Радиои Тоҷикистон танин андохт.  Таърих ва ташаккули радиои Тоҷикистон хеле васеъ  ва доманадор аст. Ин расонаи   иттилоърасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке  аз аввалин воситаҳои ахбори  омма  ба шумор меравад. Он марҳила ва зинаҳои гуногунро ҳамроҳ бо мардуми кишвар аз сар гузаронида, ба ҷомеа  дар роҳи  расидан ба ҳадафҳои бузурги созандаву  бунёдкорона хизмат  намудааст. Бо мурури вақт  шакли гуфтору барномаҳои он тағйир ёфтаанд. Бо гузашти солҳо  ва  тақозои давр, ҳамзамон ба хотири густариши фарҳангу маънавиёт зарурат ба миён омад, то  фазои иттилоотии кишвар  боз ҳам   васеътар гардад.

16  октябри соли  1949   фаъолияти гуфторҳои бахши бурунмарзии радиои Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, ки бо се забон- тоҷикӣ, (дарӣ) форсӣ ва пашту  то 45 дақиқа   пахш мегардиданд. Имрўз  фаъолияти ин идора  васеъ гардида,   номаш  ба  шабакаи  бурунмарзии  радиои «Овози тоҷик» табдил ёфт. Шумораи  забони барномаҳо то ба 8  ва шумораи соатҳо ба 24 соат  расонида  шудааст.

Ба хотири густариши фарҳангу маънавиёт ва тарғиби осори  гаронбаҳои адибону олимон   18 январи соли 1999  радиои  «Садои   Душанбе» ва  5  ноябри соли 2008   радиои «Фарҳанг» бо  таҷҳизоти  навини техникӣ  ба фазои иттилоотии кишвар такони дигар  бахшиданд.

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ шумораи радиоҳои давлатию хусусӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд гардидааст, ки мақсади аслии онҳо ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии Тоҷикистон бо ахбори ҷолибу созанда ва таъмини фароғату баланд бардоштани маънавиёти мардум мебошад. Ба ғайр аз шабакаҳои вилоятию ноҳиявӣ, имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе радиоҳои «Азия-Плюс», «Ватан», «АFM», «Имрӯз», «Русская Радио Ориёно»  ва «FM- Ховар»  фаъолият доранд.

Дар миёни радиоҳои фаъолиятбаранда дар қаламрави Тоҷикистон ҷавонтарини онҳо Радиои «FM-Ховар»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» мебошад. Он 2 июни соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №285 таъсис ёфтааст. Нахуст садои Радиои «FM- Ховар» дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он пахш гардид. Баъди фаъолияти начандон тӯлонӣ, фарогирии мавҷи ин радио то шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияҳои атрофи ин шаҳрҳо (рӯйи мавҷи 100,5 FM) васеъ карда шуд. Соли 2015 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва навоҳии атрофи он (рӯйи мавҷи 91,5 FM) дастрасии мавҷи Радиои «FM- Ховар» имконпазир гардид. Хусусияти фарқкунандаи он ҳамин аст, ки Радиои «FM- Ховар» нахустин радио дар Тоҷикистон мебошад, ки тавассути Шабакаи ҷаҳонии интернет дар суроғаи www. кhovar.tj мавриди таваҷҷуҳи шунавандаҳо қарор гирифт.

Инак бештар аз 5 сол аст, ки садои Радиои «FM- Ховар» дар баробари дигар расонаҳо фазои иттилотии Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо бахшҳои хабарӣ ва барномаҳои ҷолибу рангин пур мекунад. Дар радио дар як шабонарӯз аз 35 то 40 нашри «Хабар», гузоришҳои фаврӣ, барномаҳои зиёди таҳлилӣ, сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва варзишӣ пешниҳоди шунавандаҳо гардонида мешаванд.

Новобаста ба пешрафти техникаву технологияи муосир ва воситаҳои гуногуни иттилоърасонӣ, мавқеъи радио ҳамоно побарҷо боқӣ мондааст. Аслан  маънии  калимаи  радио   «нур  меафканам» мебошад, «нур»-е, ки  тавассути садо   паҳн мешавад ва ин нури донишу маърифат мебошад. Дарвоқеъ,  тӯли беш аз 8  даҳсола  радио тавонистааст ба василаи  амвоҷи худ манбаи бузурги нур, зарраҳои хираду  маънавиёт, забони модарӣ, арзишҳои волои  миллиро  ба  тамоми манотиқи  кишвар ва  берун аз он  паҳн  намояд ва дар роҳи иҷрои  рисолати  таърихии худ   қадамҳои устувор бардорад.

Дарвоқеъ,  радио мактаби  бузурги омўзиш, манбаи иттилооту  фарҳанг, василаи муҳими  фароғату маънавиёт   барои  ҷомеа  ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки радио ба ҳаёти  мардум хеле наздик аст ва  онон низ аз ин расона дар канор  буда  наметавонанд.

Пас, метавон гуфт радио умрӣ  ҷовидони дорад ва пешоҳанги ҷомеа  боқӣ хоҳад  монд.

 

Саидҷаъфар АШӮРЗОД,

директори Радиои «FM Ховар»

Апрель 10, 2017 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид
Пагоҳ дар ноҳияи Восеъ мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Бар асари бориши зиёд ва фурӯравии замин роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг баста шуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Дар ноҳияи Варзоб вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ вохӯрӣ доир шуд
Панҷ нафар бар асари тӯфон дар ҷануби Чин ба ҳалокат расиданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст
19 кӯдак дар натиҷаи хуруҷи эҳтимолии бемории сурхакон дар шимолу шарқи Нигерия ҳалок шуданд