Сафирони навтаъйин ваъда доданд, ки барои рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи кишварҳояшон бо Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 11.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат маросими эътимодномасупории сафирони навтаъйини панҷ кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Пас аз супоридани эътимодномаҳо сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Гул Залмай Юнусӣ, Давлати Кувайт Нассар Абдулраҳмон Алмутаирӣ, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Локу Кетагодаге Ҷаянатҳ Чандрасири Перера, Ҷумҳурии Мали Тиефинг Конате ва Ҷумҳурии Кот-д Ивуар Бернар Тано-Бучуе ба хабарнигорон изҳорот доданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Гул Залмай Юнусӣ зимни изҳороташ аз пуштибонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар созмонҳои байналмилалӣ барои истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон изҳори сипос намуда, ваъда дод, ки аз имконияту иқтидорҳои истифоданашудаи ду кишвар ҳангоми ифои вазифаи пурмасъул фаровон истифода хоҳад кард.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Локу Кетагодаге Ҷаянатҳ Чандрасири Перера тасмим дорад, ки ҳангоми адои вазифа баҳри таҳким ва тақвияти бештар бахшидани робитаҳои густурда ва ҳамкории судманд хизмат намояд. Номбурда изҳори боварӣ кард, ки байни ҳарду кишвар имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ, хусусан дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисодиёт, варзиш, фарҳанг ва сайёҳӣ ҷой доранд, ки ҳангоми фаъолият ин имкониятҳо истифода хоҳанд шуд.
Тавре Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт Нассар Абдулраҳмон Алмутаирӣ зикр кард, ҳангоми адои вазифа барои таҳким ва густариши бештари ҳамкорӣ ва робитаҳои ҳарду кишвар дар ҳама самт ва арсаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн тадбирҳои зарурӣ меандешад, то ки ҳамкорӣ ва робитаҳои мавҷудаи байни кишварҳо боз ҳам дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шаванд.
Нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кот-д, Ивуар Бернар Тано-Бучуе, ки қароргоҳаш дар шаҳри Москва воқеъ аст, изҳор намуд, ки новобаста аз ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва масоҳати байни кишварҳо, имрӯз ҳарду давлат дар партави созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) робитаҳои хеле зич ва ҳамкории муфид доранд. Бернар Тано-Бучуе изҳори хушнудӣ кард, ки роҳбарияти олии Кот-д, Ивуар барои таҳкиму густариши робитаҳои густурда ва ҳасана бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари нек доранд. Ба маълумоти дипломат, моҳи июли соли равон Ҷумҳурии Кот-д, Ивуар мизбони нишасти вазирони СҲИ хоҳад буд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мали Тиефинг Конате барои пазироии гарм ба роҳбарияти олии кишвар изҳори ташаккур намуда, зикр кард, ки барои ҳарду ҷониб зарур аст, ки имкониятҳои мавҷударо барои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳо пурра мавриди истифода қарор диҳанд Ба андешаи дипломат, тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим аст ва ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Мали омодаанд, ки робита ва ҳамкории худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, хусусан СММ равнақи бештар бахшида, тамоми ибтикороти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пуштибонӣ намоянд.













Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд






