Шаҳрвандони Тоҷикистон! Ҳангоми гум кардани шиноснома дар Федератсияи Россия ба Намояндагии дипломатии Тоҷикистон муроҷиат кунед

Апрель 4, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 04.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 27-28 феврали соли равон дар рӯзҳои 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Сафари мазкур бо натиҷаҳои пурарзиш барои ҳар ду ҷониб ба охир расид.

Дар ҷараёни музокироти сатҳи олии роҳбарони ду кишвар-Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, ки  дурнамои муносибатҳои неку дӯстонаи ду давлат баррасӣ гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо ба самти муҳоҷират таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда,  вобаста ба ҳалли мушкилоти ҳамкорӣ дар соҳаи мазкур  пешниҳод карданд, ки ҳукми хориҷ ва манъи вуруди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави  Федератсияи Россия ва ба қаламрави Федератсияи Россия, ки ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии сабук доранд, бозбинӣ шуда, ин гурӯҳи шаҳрвандон мавриди авф қарор дода шаванд.

Ин пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Владимир Путин баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардида, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия қарори дахлдор қабул гардид, ки дар муҳлати як моҳ- аз 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии  иқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода шудааст.

Дар робита ба масъалаи гум шудани шиноснома ва гузаштани муҳлати он, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, бахусус дар Федератсияи Россия ба он дучор мешаванд, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Боймаҳмад Раҷабзода, сардори Шуъбаи таҳлилӣ-назоратӣ ва ҳуқуқии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат шуд.

Дар мавриди гум кардани шиноснома Боймаҳмад Раҷабзода гуфт: «Вақте ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар Федератсияи Россия қарор дорад ва шиносномаи худро гум кардааст, пеш аз ҳама, бояд ба мақомоти корҳои дохилии ҳамон маҳале, ки шиносномаашро дар он ҷо гум кардааст, муроҷиат кунад, зеро дар он ҷо он ҳуҷҷатҳои тасдиқии шахсият, ки гум карда шудаанд, дарёфт ва ҷамъоварӣ карда шуда, дар ҳолати ба онҳо муроҷиат кардан ба соҳибонашон баргардонида мешаванд».

Оид ба масъалаи он, ки муҳлати қонунии шиносномаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расидааст ва онҳо дар Федератсияи Россия қарор доранд, ҳамсуҳбати мо иброз дошт: «Агар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар Федератсияи Россия бошанду муҳлати шиносномаашон гузашта бошад, онҳо метавонанд ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар муроҷиат кунанд. Дар он ҷо ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ дода мешавад».

Маълумотномаи АМИТ «Ховар» оид ба суроғаи Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Сафири Фавқулода ва Мухтор — Сатторов Имомуддин Мирзоевич
Суроға: 123001, ш. Москва, паскӯчаи Гранатний, 13
Тел: +7 495 690 41 86;  +7 495 690 61 02
Факс:
+7 495 6918998
E-mail: tajembmoscow@mfa.tj
Сомона:
www.tajembassy.ru

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт Петербург, Россия

Консули генералӣ — Назризода Давлаталӣ Ҳайдар
Суроға: 192007, ш. Санкт-Петербург, кӯчаи Тамбовская, х. 10, литер А
Тел: +7(812)490-47-46
Факс: +7(812)490-47-50
Е-mail:  tajgencons.piter@mfa.tj

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск, Россия

Консули генералӣ — Зардӣ Шамсиддин Қурбонзода
Суроға: ш. Новосибирск, кӯчаи Дзержинский 20
Тел: +73833495970
Е-mail:  tajgencons.nsk@mfa.tj

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург, Россия

Консули генералӣ — Сафаров Сафар Алибердиевич
Суроға: ш. Екатеринбург, кӯчаи Гражданская 2а
Тел: (+343) 370 23 60; (+343) 370 23 62; (+343) 370 23 89
Факс: (+343) 370 23 90,
Е-mail:  tajconsek@mfa.tj
Сомона:  http://tajgenconsul-eka.ru

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Уфа, Россия

Консули генералӣ — Шамсов Олимхон Амирхонович
Суроға: ш. Уфа, кӯч. Сурюпи 149
Тел: + 7 (347) 2765296
Факс: +7 (347) 2765296,
E-mail: tajconsufa@mfa.tj
Сомона:
www.tajgenconsul-ufa.ru

Посольство РТ в РФ-3 Посольство РТ в РФ-2 Посольство РТ в РФ-0

 

 

Апрель 4, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент ниммарафони экологии кӯҳии «Seven Lakes» доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ дар назар аст
Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд