Шамсиддин Орумбекзода: «Дари Тоҷикистон барои муносибатҳои фарҳангӣ бо дигар кишварҳо ҳамеша боз аст»
ДУШАНБЕ, 14.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрели соли равон Бернар Тано-Бучуе, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кот д’ Ивуар бо Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни соҳаи фарҳанг суҳбат карда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Кот д’ Ивуар омода аст бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарҳанги бою қадимӣ дорад, муносибатҳои фарҳангиро ба роҳ монад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кот д’ Ивуар афзуд, ки баъди ба имзо расидани созишномаи ҳамкории дуҷониба санъаткорони Тоҷикистон ва Кот д’ Ивуар метавонанд ба кишварҳои якдигар сафари ҳунарӣ намуда, бо фарҳанг ва санъати ҳамдигар аз наздик шинос шаванд.
Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки дари Тоҷикистон барои муносибатҳои фарҳангӣ бо дигар кишварҳо ҳамеша боз аст.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






