Собиқ сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе барои азхудкунии маблағҳои калони буҷетӣ зимни сохтмони Беморхонаи «Истиқлол» аз озодӣ маҳрум гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. 19 апрели соли 2017 дар Суди шаҳри Душанбе мурофиаи судӣ доир ба парвандаи ҷиноятӣ оид ба азонихудкунии маблағҳои махсусан калони буҷетӣ зимни сохтмони иншооти Беморхонаи бисёрсоҳавии «Истиқлол»- и шаҳри Душанбе (собиқ «Пойтахт-90») нисбат ба собиқ сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров ва ҳамаслакони ӯ ба итмом расид.
Парвандаи ҷиноятӣ таҳти раисии муовини Раиси Суди шаҳри Душанбе Асомуддин Бобохонзода баррасӣ гардид.
Тавре Асомуддин Бобохонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» маълумот дод, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян карда шуд, ки Саидшариф Анваров дар вазифаи сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, Фазлиддин Маҳмудов дар вазифаи раиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикколхозсохтмон», Фирӯз Раҳмонов муовини раиси Иттиҳодияи «Тоҷикколхозсохтмон», Қосим Фатҳуллозода дар вазифаи директори ҶДММ «Саманд-2010», Олим Саидов дар вазифаи директори ҶДММ «ПМК-278», Олимхӯҷа Маҷидов сардори шуъбаи ҶДММ «ПМК-278», Таҳирҷон Мирзоҷонов директори ҶДММ «Хонасоз-4» ва Тоҳир Тағаев дар вазифаи директори ҶДММ «Жилстрой» кор карда, дар рафти сохтмонба азхудкунии маблағҳои буҷетӣ ба миқдори махсусан калон даст задаанд.
Зимни баррасии парвандаи ҷиноятӣ суд муайян кард, ки ҳангоми сохтмони бинои Беморхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маблағгузорӣ карда шудааст, судшавандагон С. Анваров ва Ф. Маҳмудов ба маблағи 16 млн.769 ҳазору 363 сомонӣ, О. Саидов ва О. Маҷидов зиёда аз 750 ҳазор сомонӣ, Т. Тағоев зиёда аз 445 ҳазор сомонӣ, Қ. Фатҳуллозода зиёда аз 382 ҳазор сомонӣ ва Т. Мирзоҷонов зиёда аз 273 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ зиёда аз 18 миллион сомониро тасарруф намудаанд.
Дар баробари ин судшавандаҳо дар рафти санҷиши фаъолияти молиявии ин корхонаҳо аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вобаста ба сохтмони иншооти Беморхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо маслиҳати пешакӣ ба шахси мансабдори Агентии мазкур барои анҷом додани амали ғайриқонунӣба фоидаи онҳо 448 ҳазору 700 доллари ИМА ҳамчун пора пешниҳод кардаанд.
Дар натиҷаи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони Агентӣ муовини Раиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикколхозсохтмон»Фирӯз Раҳмонов ҳангоми додани пора ба маблағи 448 ҳазору 700 доллари ИМА дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуд.
Муовини Раиси Суди шаҳри Душанбе афзуд, ки ҷиноятҳои содиркардаи ин шахсон дар мурофиаи судӣ бо нишондодҳои худиқрории судшавандаҳо, санадҳои санҷишии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, хулосаҳои экспертизаҳои комплексии судӣ, протоколҳои амалиёти мурофиавӣ ва бо дигар далелҳо тасдиқ гардидаанд.
Дар раванди тафтиши пешакӣ зарари молиявӣ ба маблағи 9 млн. 462 ҳазору 785 сомонӣ (С. Анваровва Ф. Маҳмудов-7 млн. 610 ҳазору 116 сомонӣ, О.Саидов ва О. Маҷидов- 750 ҳазору 980 сомонию 49 дирам, Т. Тағоев 445 ҳазору 328 сомонӣ, Қ. Фатҳуллозода 382 ҳазору 804 сомонӣ, Т. Мирзоҷонов 273 ҳазору 557 сомонӣ) барқарор карда шуд.
Ҳамчунин бо қарори роҳбари гурӯҳи тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ оид ба тасарруфи зиёда аз 24 миллион сомонӣ маблағи буҷетӣ, ки барои сохтмони ҳамин иншоот равона гардидааст, ба пешбурди алоҳида ҷудо карда шуда, тафтишот идома дорад.
Муовини Раиси Суди шаҳри Душанбе Асомуддин Бобохонзода зикр намуд, ки бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров, Фазлиддин Маҳмудов барои иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, азонихудкунӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон, сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз уҳдадорӣ озодкунанда, додани пора ба шахси мансабдор барои аз ҷониби ӯ анҷом додани ҳаракати ғайриқонунӣ гунаҳкор дониста, ҷазои ниҳоии 18 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо кардани ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар хидмати давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, инчунин машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорию ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати панҷ сол, ба Олим Саидов барои азонихудкунӣ, тасарруфи молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон, сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда, додани пора гунаҳкор дониста, ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 11 ҳазору 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 460.000 сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати панҷ сол, ба Олимхӯҷа Маҷидов барои азонихудкунӣ, тасарруфи молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон, сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда гунаҳкор дониста, ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 80.000 сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати ду сол, ба Тоҳирҷон Тағоев барои суиқасди азонихудкунӣ, тасарруфи молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон, сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда, додани пора гунаҳкор дониста шуда, ба ӯҷарима ба андозаи 10 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 408 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати се сол, ба Қосим Фатҳуллозода барои сӯйқасди азонихудкунӣ, тасарруфи молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон, сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда, додани пора гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷарима ба андозаи 11 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 460 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати панҷ сол, ба Тахиржан Мирзоҷонов барои азонихудкунӣ, тасарруфи молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон, сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ, додани пора гунаҳкор дониста шуда, ба ӯҷарима ба андозаи 10 000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 400 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати чор сол, ба Фирӯз Раҳмонов барои додани пора ба шахси мансабдор барои аз ҷониби ӯ анҷом додани ҳаракати ғайриқонунӣҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати панҷ сол, бо адо кардани ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати панҷ сол таъйин карда шуданд.
Далели шайъӣ ба маблағи 448.700 доллари ИМА, ки судшавандаҳо ҳамчун пора ба кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дода буданд, ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.









РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд






