«Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд», «Вундеркинд»-ҳо чаро «тухми анқо» шуданд?» — шарҳи матбуот

Апрель 13, 2017 15:17

ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (10.04.2017,№73) идомаи мақолаи муаллифон Абдуҷаббор Раҳмонзода, академики Академияи илмҳо ва Равшан Раҳмонӣ, профессори ДМТ-ро бо сарлавҳаи «Пешвои миллат ва истиқлоли Наврӯз» пешкаши хонандагон намудааст. Муаллифон аз оинҳои неки Наврӯз ёдовар шуда, навиштаанд: «Тайи чанд сол аст, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сартосари кишвар пеш аз Наврӯз ва гоҳе пас аз он ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор мегардад. Дар ин гуна ҳашарҳо Сарвари давлат худашон низ ширкат менамоянд. Мардум бо сарварии Ҷаноби Олӣ 23 марти соли 2013 ба ҳашари умумӣ баромада, аз рӯи расму оини ниёгон ба поксозию ободонии муҳити зист ва ниҳолшинонию кабудизорсозии атроф шурӯъ намуданд. Ширкати бевоситаи Пешвои миллат дар маъракаи ниҳолшинонӣ, аз як сӯ нишонаи муҳаббати беандозаашон ба табиати зебову дилорои Тоҷикистони азиз бошад, аз сӯи дигар ташвиқи мардум ба корҳои ободонӣ, созандагӣ ва муҳаббати кишвар аст». Воқеан ҳам маҳз бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат давоми чанд соли охир дар рӯзҳои наврӯзӣ дар ҳама гӯшаву канори мамлакат ҳашарҳои мардумӣ гузаронида мешаванд, ки боиси боз ҳам зебову шукуфон гаштани кӯчаву хиёбонҳо, гулгаштҳо ва боғҳо гаштааст. Нашрия ҳамчунин хабарҳоро оид ба мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон К.Абдураҳмонов, омодагӣ ба Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон, машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Туркия ва хабарҳои ҷолибро аз кишварҳои олам пешкаши хонандагон намудааст.

Шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (11.04.2017,№74), ки рӯзи сешанбе нашр шудааст, аз шиносоии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва навсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва бунёди майдонҳои варзишию бозии кӯдакон гузориш чоп кардааст. Мувофиқи нақшаи шаҳрдорӣ дар ҳудуди пойтахт бунёди 78 майдони варзишӣ ва бозии кӯдакон, инчунин навсозии иншооти муассисаи давлатии боғи «Дӯстии халқҳо» дар масоҳати 24 гектар ба нақша гирифта шудааст. Сарвазири мамлакат ва раиси шаҳри Душанбе  зимни ифтитоҳи маркази истироҳати пиронсолон дар ноҳияи Сино бо собиқадорон ва мардони рӯзгордида мулоқот намуда, гирди дастархони наврӯзӣ суҳбати самимӣ анҷом доданд. Таъкид гардид, ки зиёд гардидани ободкориҳо, навсозиҳо, авҷ гирифтани сохтмони иншооти нав ба нав самараи суботу амонӣ, тинҷиву осоиштагӣ ва муттаҳидии миллат аст.

Нашрияи «Ҷумҳурият» (12.04.2017,№ 75) аз мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта хабари расмӣ нашр кардааст. Зимни мулоқот роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра баҳои баланд дода, мавқеи устувор ва нақши пешсафию пешоҳангии Сарвари давлати Тоҷикистонро дар татбиқи барномаи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола махсус таъкид кардааст. Нашрия мақолаҳои таҳлилии «Нанотехнология – бурдҳо ва бохтҳо», «Марказҳои дилхушӣ – дар тарбияи тафаккури ҷавонон бетараф набошем», «Заршӯӣ, таъмини шароит дар мадди аввал», «Манбаи неруву нур» ва хабарҳо аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии кишвар, аз ҷумла хабари «Парвози Тошканд-Душанбе, ҳамкориҳо тавсеа меёбанд»-ро пешкаши хонандагон намудааст.

«Садои мардум» (08.04.2017,№37) мусоҳибаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзодаро пешкаши хонандагон намудааст. Мусоҳиб зикр кардааст, ки «Вобаста ба вазъи ногувори иқтисодиёти Россия ва Қазоқистон, мушкилиҳо дар транзити нақлиёту мол ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, поён рафтани арзиши маҳсулоти содиротии мол, инчунин поён рафтани қурби пули миллии кишварҳои номбаршуда, интиқоли маблағ хеле кам шуд. Ин амал боиси коҳиши даромадҳои пули аҳолию мутаносибан камшавии ҳаҷми хизматрасонию савдо ва воридоти молу маҳсулот ба кишвар гардидааст». Бо вуҷуди ин, Шариф Раҳимзода таъкид кардааст, ки «сатҳи рушди ММД дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои аъзои ИДМ хеле баланд аст». Вазъи иқтисодиёти Тоҷикистонро дар муқоиса бо вазъи иқтисодиёти кишварҳои ИДМ, ки аксар шарикони иқтисодию тиҷоратии кишварамон мебошанд, муътадил арзёбӣ намудан мумкин аст, — хулосабарорӣ кардааст Ш.Раҳимзода.

Дар шумораи имрӯзаи «Садои мардум» (13.04.2017,№39) бахшида ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ мақолаи корманди Маркази миллии қонунгузорӣ И.Олифтаев бо сарлавҳаи «Сулҳу ваҳдати миллӣ ҳадяи Пешвои миллат аст» чоп шудааст. Ҳамчунин ба истиқболи 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ хотираҳои собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷараёни ин ҷаласаи таърихӣ ва сарнавиштсоз пешкаши хонандагони нашрия шудааст. Мақолаҳои таҳлилии «Вундеркинд»-ҳо чаро «тухми анқо» шуданд?» ва «Фирдавсӣ. Рӯҳи миллӣ зери фишори мутаассибон» аз мушкилоти мавҷудаи  бахши таълим ва тарбияи кӯдакону наврасон ва ҳамлаи аҳли таассубу хурофот ба фарҳангу тамаддуну адаби ниёгон нақл мекунанд.

«Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд» — нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» (13.04.2017,№15) бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, ки ба 15 апрел рост меояд, пораҳоро аз китоби Холида Айнӣ, ки ба забони русӣ нашр шудааст, пешкаши хонандагон намудааст. Нашрия ҳамчунин оид ба имтиёзҳои омӯзгорон мавод нашр карда, мусоҳибаи намояндаи Маркази миллии тестӣ С.Назароваро бо сарлавҳаи «Беҳтаринҳо донишҷӯ мешаванд» чоп кардааст.

Ҳафтаномаи «СССР» мақолаи жуналист Ҷамила Ҳусейноваро бо сарлавҳаи «Таксӣ дар шаҳр бояд чӣ гуна бошад?» нашр кардааст. Тибқи маълумоти муаллифи мақола, дар ҳудуди пойтахт 8 ҳазор таксӣ ғайриқонунӣ фаъолият доранд, ки зарари онҳо ба буҷети давлат барои напардохтани пули патент дар як сол 23 миллион сомониро ташкил медиҳад. Илова ба ин таксиҳои хусусӣ чиркин, бадбӯй буда, ронандагони он оддитарин қоидаҳои одобро намедонанд.

Нашрияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (12.04.2017,№15) мақолаи «Ваҳдати миллӣ ва ташаккули афкори ҷавонон» (аз силсилаи мақолаҳои «Эмомалӣ Раҳмон ҳомию роҳнамои ҷавонон»)-ро чоп кардааст. Дар мақола омадааст: «Вақте сухан аз Ваҳдати миллӣ меравад, аз сулҳу созандагӣ меравад, пеши назар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, сарвари оқилу хирадманди кишвар, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад». Таҳти унвони «Хатарҳои замони муосир», нашрияи «Минбари халқ» мақолаи Содиқи Кашрудиро бо сарлавҳаи «Дини ман мастур дар кори ман аст…» пешкаши хонандагон намудааст. Муаллиф навиштааст: «Имрӯз мусулмон аз ҷабру ҷафои мусулмон гурехта, ба чӣ машаққату азобҳо худро ба меҳани ба ном кофирҳо мерасонад. Чаро ба ватани мусулмонон роҳу рӯ намегирад?».

Мақолаҳои «Ҳаёт бо инсофу имони инсонӣ зебост», «Мунтахаб-ут-таворих доир ба бидъату хурофот», «Ваҳдати миллӣ – шоҳсутуни устувори давлат» ва «Элитаи сиёсии Тоҷикистон», ки нашрияи «Минбари халқ» нашр кардааст, аз тарафи хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Апрель 13, 2017 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард