Вазорати маорифи Федератсияи Россия ба унвони таърихшиноси тоҷик номаи миннатдорӣ ирсол намуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи феврали соли 2017 матбааи «Контраст»-и шаҳри Душанбе чорумин китоби иловашуда, ислоҳшуда ва ниҳоии «История России: учебное пособие для таджикских трудовых мигрантов»-ро («Таърихи Россия: китоби дарсӣ барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик») нашр кард. Дар нашри чорум (220 саҳ.) боби сеюми китоб, ки давраи Шӯравӣ ва пасошӯравии таърихи Россияро фаро мегирад, илова шудааст. Ин иловаҳо масъалаҳои шадиди баҳсбарангези таърихи давраҳои дар боло зикршударо дар бар мегиранд.
Ин китоби дарсиро доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода тартиб дода, дубора ба табъ расонид. Сармуҳарри ин китоб доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърих ва назарияи журналистика ва ВАО-и электронии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Масрур Абдуллоев мебошад.
11 апрели соли равон аз Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия дар робита ба нашри чоруми китоби «История России: учебное пособие для таджикских трудовых мигрантов» ба унвони З. Сайидзода мактуб ирсол гардид. Дар он Департаменти сиёсати давлатӣ дар соҳаи таълими кӯдакон ва ҷавонони Вазорати маорифи Федератсияи Россия ба муаллиф ва мураттиби ин китоб изҳори миннатдорӣ намудааст.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






