Вохӯриҳо оид ба сулҳу Ваҳдати Тоҷикистон дар байни ҷавонони вилояти Хатлон

Апрель 6, 2017 15:08

ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Таҳкими Истиқлолият-Ваҳдати миллӣ» ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии вилояти Хатлон гузаронидани як қатор вохӯриҳоро ба нақша гирифтааст.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Тавре манбаъ иттилоъ дод, дар вохӯриҳо намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати маориф, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, ҳамчунин адибон дар байни донишҷӯён баромад суханронӣ намуда, дар бораи Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, сулҳи ҷовидонаи тоҷикон, хизматҳои бузурги Пешвои миллат ҳамчун меъмори сулҳу Ваҳдати Тоҷикистон суҳбатҳои самимию хотирмон анҷом хоҳанд дод.
Бояд зикр намуд, ки ин вохӯриҳо то ҷашни Ваҳдати миллӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома меёбанд.

Апрель 6, 2017 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд