21 май — Рӯзи Дави миллӣ
ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Дави миллӣ имсол дар Душанбе 21 май соати 09:00 баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, масофаи дави миллӣ зиёда аз 10 км-ро дарбар гирифта, аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз мегардад. Иштирокчиён тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ миёни ҳам сабқат менамоянд.
Дар интиҳо ғолибон муайян гардида, ба онҳо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.
Бояд зикр кард, ки рӯзи Дави миллӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 инҷониб ҳар якшанбеи сеюми моҳи май баргузор мешавад.








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






