7,5 тонна қаламфури аз Қирғизистон қочоқшуда ошкор гардид

Май 11, 2017 09:05

ДУШАНБЕ, 11.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар шимоли Тоҷикистон зимни  муоинаи гумрукӣ аз дохили нақлиёти боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс», ки аз сӯи сокини 26-солаи шаҳри Истаравшан шаҳрванд Б.А.  идора мегардид,  беш аз 7,5 ҳазор килограмм қаламфур ошкор гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин миқдор каламфур бидуни назорати гумрукӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.  Гуфта мешавад, ки 7,5 тонна қаламфур, ки арзиши умумиаш наздик ба 330 ҳазор сомонист,   ба сокини 39-солаи шаҳри Кӯлоб, шаҳрванд А. С., тааллуқ дошта, мавсуф  онро тавассути нақлиёт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ворид намудааст.

Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба шаҳрванд А. С. бо моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ  боз карда шуда,  ба Прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ирсол гардидааст.

Май 11, 2017 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад