Абдумаҷид Ҳакимзода: Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид, ки тибқи он масоҳати пойтахт тайи солҳои оянда дар чаҳор самт ҳазорҳо гектар васеъ мешавад

Май 15, 2017 16:58

ДУШАНБЕ, 15.05.2017. /АМИТ Ховар/. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.

Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии  пойтахт  ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ  шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр  аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор  гектар  баъди соли 2040  пешбинӣ    гардидааст.

Афзоиш шумораи аҳолӣ дар  ҳудуди лоиҳавӣ  дар марҳалаи аввал то соли 2025  936 ҳазор нафар ва дар муҳлати ҳисобӣ то соли 2040  1 миллиону 176 ҳазор нафар  муайян гардидааст.

Сардори  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Абдумаҷид Ҳакимзода  зикр  намуд, ки  тибқи қарори мазкур   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки азхудкунии заминҳоро мувофиқи талаботи воқеӣ ва ҳаҷми сохтмон дар ҳудуди шаҳри Душанбе то солҳои 2040 марҳила ба марҳила амалӣ ва дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо то соли 2025 нақшаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва мавзеъҳои  атрофи онро тарҳрезӣ намояд. Инчунин омодакунии муҳандисии ҳудуд, инчунин барқарорсозии шабакаҳо ва иншооти муҳандисии мавҷударо тибқи талаботи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе  роҳандозӣ намояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе инчунин муваззаф гардидааст, ки нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсудашуда ва дар навбати аввал биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро  тартиб дода, онро давра ба давра  то соли 2025 амалӣ намояд, сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ  ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ  монад.

Тибқи ин қарор ҳамчунин Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ  вазифадор гардидаанд, ки     ба бунёди иншооти сохтмони асосӣ ва ниҳолзори бисёрсола  дар  заминҳое, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  ҳамчун ҳудуди дурнамои рушди шаҳр муайян шудаанд, роҳ надиҳанд.

 

 

 

Май 15, 2017 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид