Ҳафтаи «Поси хотир»-и абармардони шуҷоъ дар Хуҷанд

Май 1, 2017 17:31

ХУҶАНД, 01.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Соли равон ба ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, ки ҳамасола 9 май чун Рӯзи Ғалаба таҷлил мегардад, 72 сол пур мешавад. Аз ин лиҳоз бахшида ба ин сана ва пос доштани хотираи ин абармардони майдони ҷанг дар манотиқи гуногуни кишварамон, аз ҷумла, шаҳри Хуҷанд низ тӯли ҳафтаи аввали моҳи май барномаҳои мухталиф ва аёдати ин мардони далер доир мегардад.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» масъулин аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, соли равон бо ибтикори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Шӯрои мазкур, аз ҷониби шуъбаҳои мухталифи мақомоти шаҳрӣ чорабиниҳо оид ба ташкили вохӯриҳо бо иштирокчиёни ҷанг ва ҳамзамон аёдати онҳо, маъюбони барҷомонда, ҳамсарони бесаробонмонда, ҳамчунин дар ҳудуди шаҳр гузаронидани ҳафтаи «Поси хотир» ва ташкили «Қаровули фахрӣ» дар пояи ёдгории шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи маркази шаҳр аз ҳисоби хонандагони беҳтарини мактабҳои шаҳр пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар доираи ҳафтаи мазкур чанд тан маъюбон аёдат карда шуда, ба онҳо кумакпулӣ ва маводи хӯрокӣ супорида мешаванд.

Тибқи маълумоти масъулини Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд, ҳоло дар маркази вилоят 11 нафар иштирокчиёни набардҳои солҳои 1941-1945 ва 5 нафар ҳамсарони бесаробонмонда иқомат доранд, ки ҳамарӯза аз дастгириву кумаки Сарвари давлат ва мақомоти вилоятиву шаҳрӣ бархӯрдоранд.

Май 1, 2017 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад