Қаллобони ваъдахилоф ба даст афтоданд

Май 11, 2017 09:31

ДУШАНБЕ, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгир гардидани сокини ноҳияи Рӯдакӣ  бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон хабар медиҳад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қаллобӣ дастгир гардид. Гумонбаршуда соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии зани 53-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Ҳамчунин марди 39-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дастгир карда шуд, ки  аз соли 2015 инҷониб маблағи 6 ҳазор доллари амрикоии марди 31-солаи сокини шаҳри мазкурро гирифта, бозпас намегардонад.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи далелҳои зикргардида парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 

 

 

Май 11, 2017 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад