Амалиёти «Соҳили пок» гарави саломатии инсон ва мавҷудоти зери дарёву баҳрҳо мебошад
ХОРУҒ, 03.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бештар аз 400 нафар аз сокинони синни гуногун дар амалиёти «Соҳили пок», ки бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилоти Мухтори Кӯҳистони Бадашон роҳандозӣ шуд, ширкат намуда, соҳили дарёҳои Ғунду Панҷро аз партовҳои истеҳсолию маишӣ тоза намуданд.
Сардори Раёсати мазкур Мулкамон Назаралиев зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки «дарёи Ғунд шаҳри Хоруғро ба ду қисм ҷудо карда, баъди панҷ километр ба дарёи Панҷ мерезад. Аз ду тарафи дарё қаҳвахонаву тарабхона, бозору мағозаҳо, муассисаҳои таълимию тандурустӣ ҷойгиранд ва табиист, ки баъди ҳар сари чанд вақт дар назди соҳил ғарами партову ахлотпораҳо пайдо мешаванд. Боришот ин партовҳоро ба дарё меафканад ва дар поёноб кӯдакону калонсолон ин обро истеъмол мекунанд. Ба ҷуз ин дар қаъри дарё мавҷудоти гуногун ҳастанд, ки аз ин партови кимиёӣ зарар мебинанд. Аз ин рӯ вазифаи сокиноне, ки дар саргаҳи об зиндагӣ мекунанд, ин аст, ки ҳамеша оби дарёҳоро тозаву пок нигоҳ доранд ва ҳаргиз партовро ба соҳили он напартоянд».
Чунин амалиёт ҳамчунин дар дигар деҳоти ноҳияҳои вилоят, ки қад -қади дарёи Панҷ ҷойгиранд, баргузор мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






