Ҷамъбасти фаъолияти гурӯҳҳои кории Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 01.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи понздаҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи маълумоти оморӣ доир ба дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Data Working Group) ва ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши таҷриба дар соҳаи стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group)-и Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Fanancial Inclusion-AFI), ки дар Марказии таълимии Бонки миллии Тоҷикистон- Пуғус бо ширкати намояндагони қариб 50 давлати дунё доир шуд, фаъолияти худро барои даври навбатӣ ҷамъбаст намуд.
Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҷаласаи муштараки хотимавӣ муовини Директори иҷроияи Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ Норберт Мумба, муовини Раиси Бонки марказии Нигерия Ҷозеф Атта ва намояндаи Бонки марказии Филиппин Минард Моҷика фаъолияти гурӯҳҳои кории Иттиҳодро натиҷагирӣ намуданд.
Зимни фаъолияти панҷрӯза гурӯҳҳои корӣ дар бораи усулҳо ва таҷрибаи доир кардани назарсанҷиҳо оид ба дастрасии молиявӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси миллӣ ва фарҳангии кишварҳои аъзо, стратегияҳои миллии дастрасии молиявӣ ва таъсири баҳодиҳии дастрасии молиявӣ, лоиҳаҳо дар самти омода кардани маълумот аз рӯйи нишондиҳандаҳои омории кишварҳои аъзо, аз ҷумла шумораи умумии нуқтаҳои дастрасии молиявӣ, банкоматҳо, кормандони нуқтаҳои дастрасии молиявӣ, мавқеи нуқтаҳои дастрасии молиявӣ дар воҳидҳои маъмурӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои фоизӣ, кушодан ва пайгирӣ намудани шумораи суратҳисобҳои амонатӣ, суратҳисоби қарзии танзимшаванда ва шумораи суратҳисобҳои қарзӣ баррасӣ гардиданд ва барои фаъолияти минбаъдаи кишварҳои узви AFI ҳамчун дурнамо пешниҳод ва тавсия хоҳанд шуд.
Аъзои гурӯҳҳои кории Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion — AFI) барои расидан ба ҳадафҳои худ навовариҳо ва таҷрибаву малакаи мутахассисони соҳибтаҷрибаро аз кишварҳои аъзо мавриди омӯзиш қарор доданд. Таҳияи низоми умумии иттилоот байни аъзои Иттиҳоди мазкур, бо мақсади андозагирии ҳамгироии молиявӣ ва мубодилаи таҷрибаи андӯхта нисбат ба нишондиҳандаҳои асосӣ, усулҳои тадқиқот, таҳлил ва истифодаи маълумот, баҳри иттилоъ додан дар самти дастрасии молиявӣ равона мегарданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласаҳо Норберт роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро барои иштирок дар Форуми навбатии Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ, ки 13-15 сентябри соли 2017 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, даъват намуд.









Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






