Ашт: 10 тонна зардолуи ватанӣ ба Россия содир карда шуд

Май 26, 2017 12:01

ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Ашт дар миқёси кишвар аз ноҳияҳое маҳсуб мешавад, ки бо содир кардани зардолуи тар ва хушк ба берун аз Тоҷикистон машҳур гардидааст. Айни замон дар ноҳия мавсими содироти зардолуи тар оғоз гардида, аввалин қатораи содиротии дорои зардолуро соҳибкор Пӯлод Ашӯров ба Федератсияи Россия равон намуд, ки беш аз 10 тоннаро ташкил дод. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз коргоҳи банду басти зардолуи тар дидан карда, зикр намуд, ки «техникаи замонавӣ барои дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидори зиёд пайдо кардани зардолуи пешпазаки Тоҷикистон, ки моҳи май ба бозор мебарояд, мусоидат мекунад. Ворид кардани техникаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад,  ки соҳибкорони ноҳияи Ашт талаботи бозорҳои ҷаҳониро омӯхта, маҳсулоти кишварамонро ба талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намуда истодаанд».

Бояд гуфт, ки соли 2013 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зардолу ва Кампания»-ро, ки онро соҳибкори маҳаллӣ Пӯлод Ашӯров бунёд намудааст, ба истифода дода буданд. Ин коргоҳ ҳар сол зиёда аз 1000 тонна зардолуи тарро ба Русия содир менамояд. Дар баробари ин зиёда аз 40 нафар ҳамасола бо кори масвимӣ таъмин мешаванд.

Соли равон бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ ба ин коргоҳ техналогияи нави италиявӣ ворид гардид, ки он тариқи автоматӣ зардолуро бе осеб банду баст менамояд. Ин техникаи нави банду басти зардолуи тар дар як шабонарӯз то 50 тонна зардолуро метавонад коркард намояд.

 

 

Май 26, 2017 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад