«Ҷавонон-ҳомиёни Ватан ва Ваҳдати миллӣ»- ҷамъомад дар шаҳри Панҷакент
ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо мақсади тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 20 соли Ваҳдати миллӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар мавзӯи «Ҷавонон- ҳомиёни Ватан ва Ваҳдати миллӣ» ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар ҷамъомад аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ рӯй наоварда, барои ободию шукуфоии Ватани худ саҳмгузор бошанд.
«Бесабаб нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд, зеро ҷавонон дар ҷаҳони муосир қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгар эътироф шудаанд. Нақши онҳо дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ назаррас аст. Ба андешаи коршиносон, таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва инкишофи устувори ҷомеа танҳо ҳамон кишварҳое муваффақ гардидаанд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва аз имкониятҳои ақлониву ҷисмонии онҳо самаранок истифода мебаранд»,-зикр шуд дар ҷамъомад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






