Ҷавононро зарур аст пойбанди расму оинҳои хурофотӣ нашуда, ҳамқадами замон бошанд

Май 23, 2017 11:24

ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.     Дар  асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мешавад. Пешвои миллат  зимни ироаи  Паёми навбатӣ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба  саҳми ҷавонон ва неруи созандаи онҳо  бо ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Диловар Қодирзода суҳбат намуд.

Бино ба гуфтаи Диловар Қодирзода,  дар ҳама давру замон рушду инкишоф ва пешрафти кишварҳои олам аз омилҳои зиёде, аз ҷумла захираҳои инсонӣ, сатҳи саводнокии онҳо, пешрафти илмию техникии ҷомеа  вобастагӣ доранд. Бинобар ин, ҷавонони Тоҷикистон  ҳамчун қишри бонуфузи захираҳои меҳнатӣ объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, омили асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

«Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеа мебошанд, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои  хурофотӣ нагашта, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро такмил диҳанд. Талошҳои ҷавонони имрўзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумуи  кишвари азизамон баёнгари онанд, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои пешрафта сафарбар менамоянд»,-зикр намуд мусоҳиб.

Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои имрўзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

Ба андешаи ректори донишкада, дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати  шаҳрвандии мо аз он иборат  аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

«Дар ҷаҳони муосир бо назардошти рўйдодҳои сиёсии солҳои охир ва ба хотири ҳимоя аз аҳдоф ва манфиатҳои хеш тамоми кишварҳо даст ба муборизаҳои беамон задаанд. Ин бархӯрдҳо дар манотиқи гуногуни дунё ба худ шакл, мазмун ва муҳтавои хос касб намудаанд. Аз ҷумла, барои кишварҳои манотиқи Осиё зиёд  гардидани созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динӣ хос мебошад, ки талош менамоянд ба ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ таъсири бештар расонанд. Ин қабил созмону ниҳодҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои хеш, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя менамоянд ва аз надоштани таҷрибаи кофии зиндагии онҳо ба хубӣ истифода мебаранд. Тибқи маълумоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар расонаҳои иттилоотӣ , айни замон дар сафи ҷанговарони ба ном «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия  даҳҳо нафар шаҳрванди тоҷикистонӣ бо роҳҳои гуногун ба ҳайати ин гурӯҳҳо шомил гардида, дар муҳорибаҳои мусаллаҳона ба манфиати ашхоси бегона ҷангида истодаанд. Қисмате аз онҳо дар ин муборизаҳо ҷони  худро аз даст додаанд. Онҳо бо ин амали нангину даҳшатбори худ ба шарафу номуси давлату миллати хеш хиёнат карда, барои падару модар ва наздиконашон ғаму андуҳ оварданд. Аксарияти ҷавонони ба гурӯҳҳои ифротгаро шомилгардида аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар мактабҳои динии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ дур аз ватан қарор доштанд»,-афзуд Диловар Қодирзода.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамолики хориҷӣ таҳсил мекарданд, ба ватан баргардонида шуда, барояшон шароиту имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ муҳайё карда шуд. Аммо дар мавриди муҳоҷирони меҳнатӣ то ҳол мушкилоти зиёд мавҷуданд. Хуб надонистани забон, расму русум ва  фарҳанги мардуми  кишвари иқомат, паст будани сатҳи саводнокӣ ва ахлоқи ҳамидаи як гурӯҳ муҳоҷирини корӣ, дурӣ аз оила ва падару модар, дастрасии маҳдуд ба воситаҳои иттилоотии ватани худ, бехабару беназорат мондан дар ҳаёти ин ҷавонон як муҳиту фазои аз назорат дурро пайдо мегардонад.

Имрӯз мо вазифадорем, ки дар байни ҷавонон корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзўр намоем. Дар ин марҳилаи ҳассос ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба дасисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона дода нашаванд ва Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоянд»,-гуфт мусоҳиб.

Дар ин замина тамоми сохторҳои давлатию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ бояд таваҷҷуҳи асосиро ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон равона сохта,  насли ҷавонро дар рӯҳияи баланди ватандўстӣ тарбия намоянд. Ин вазифаи муқаддас бояд кори ҳаррўзаи оила, макотиб ва ниҳодҳои дахлдор бошад.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ ҷиҳати омода гардидани ҷавонон баҳри ҳимояту пуштибонӣ аз Ватани маҳбуб, рушду пешрафти бештари кишвар ва бедорию зиракии онҳо имкон фароҳам меорад ва ҷавонон умеду боварии Пешвои миллатро амалӣ мекунанд.

Тавре Пешвои миллат зимни суханронӣ иброз доштанд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

 

 

 

 

 

Май 23, 2017 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд