Бадахшон ба макони сайёҳӣ табдил меёбад

Май 4, 2017 10:03

ХОРУҒ, 04.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар замони истиқлолияти давлатӣ бо эълон кардани дарҳои боз ва таъмиру таҷдиди роҳҳо, бунёди меҳмонхонаҳо, эҳёи санъати бофандагию кандакорӣ таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба яке аз гӯшаҳои зебо ва пурасрори Тоҷикистон-Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар ҷалб мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди туризм дар шаҳри Хоруғ вазъи кунунӣ ва  дурнамои ин соҳаро ба риштаи таҳлил кашида, изҳор доштанд, ки «бо назардошти табиати нотакрор, кӯҳу қуллаҳои осмонбӯс, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ тараққӣ додани сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии вилоят ба ҳисоб меравад».

Дар се соли охир  дар бисёр феҳристҳои арзишманди ҷаҳонӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои бонуфузи дунё  аз Тоҷикистон ҳамчун аз як кишвари хеле муносиб барои рушди соҳаи ҷаҳонгардӣ ёдоварӣ мекунанд. Масалан соли гузашта маҷаллаҳои хориҷии «Диамир» ва «Глобетроттер»   аз 4 то 7 саҳифаи худро ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бахшиданд. Дар ҳамин сол бештар аз 10 рӯзномаҳои чопи Олмон ва Швейтсария оид ба имкониятҳои рушди сайёҳии кишварамон мақолаҳо ба нашр расонданд. Рӯзномаи «20 дақиқа», ки дар давлати Швейтсария чоп мешавад, аз ҷумлаи ҳамин рӯзномаҳо мебошад.

Раиси Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии    Помир Асадшо Зоолшоев зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «дар Бадахшон чанд намуди туризмро равнақу ривоҷ додан мумкин аст, ки дар шароити кунунӣ бештари сайёҳон ба ин намудҳо таваҷҷуҳ доранд. Яке аз ин намудҳо кӯҳнавардӣ ва дигаре саёҳат аз тариқи пайроҳаҳои кӯҳӣ мебошад. Бо назардошти ин талабот, Ассотсиатсияи соҳаи сайёҳию экологӣ ва фарҳангӣ харитаи саёҳат аз тариқи пайроҳаҳои кӯҳиро таҳия намуда, ба ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳод мекунад. Соли гузашта боз як намуди дигари ҷолибро ба чанд сайёҳ пешниҳод намудем, ки ба онҳо писанд афтод. Ин дар минтақаи баландкӯҳи Мурғоб роҳандозӣ намудани қутоссаворӣ мебошад. Боварӣ дорем, ки дар оянда ин намуд ҳам ҳаводорони зиёд пайдо хоҳад кард».

Ба гуфтаи Асадшо Зоолшоев, Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии    Помир бо созмонҳои ватанию ҷаҳонӣ, бо шумули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «DIAMIR» «WELTWELT WANDERN» «TURKISH AIRLINES», созмонҳои ҳамкории Швейтсария, Олмон ва Бунёди Оғохон ҳамкорӣ дорад. Ҳамчунин мушовири соҳаи сайёҳии ташкилоти GIZ, мутааллиқ ба кишвари Олмон Матиас Пойшиел дар таҳия ва тадбиқи лоиҳаҳо ассотсиатсияро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунад.

«Мақсади мо ба бозори ҷаҳонӣ пайваст намудани ширкату шабакаҳои туристии маҳаллӣ, ҷалби ширкатҳои калонтарини  Олмон барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонгардӣ мебошад. Дар соҳаи сайёҳӣ бештар ҷавонон фаъолият доранд. Дар Соли ҷавонон мо тасмим гирифтем аз ҳисоби донишҷӯёни факултаи туризм ва хизматрасонии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ гурӯҳи махсус таъсис дода, онҳоро ба давраҳои омӯзишӣ ҷалб намоем. Аз моҳи феврал то моҳи апрел аъзои ин гурӯҳ вобаста ба ихтисосашон дар ассотсиатсияи мо таҷриба омӯхтанд»,-баён дошт раиси Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии    Помир.

Таъсиси бозори рушдёбанда ва рақобатпазир, муқовимат бо инҳисор дар соҳаи туризм,  мусоидат дар таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, маркетинги хизматрасонии сайёҳӣ ва амсоли инҳо вазифа ва ҳадафи асосии Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир ба шумор мераванд.

Май 4, 2017 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид