Бадахшон ба макони сайёҳӣ табдил меёбад
ХОРУҒ, 04.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар замони истиқлолияти давлатӣ бо эълон кардани дарҳои боз ва таъмиру таҷдиди роҳҳо, бунёди меҳмонхонаҳо, эҳёи санъати бофандагию кандакорӣ таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба яке аз гӯшаҳои зебо ва пурасрори Тоҷикистон-Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар ҷалб мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди туризм дар шаҳри Хоруғ вазъи кунунӣ ва дурнамои ин соҳаро ба риштаи таҳлил кашида, изҳор доштанд, ки «бо назардошти табиати нотакрор, кӯҳу қуллаҳои осмонбӯс, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ тараққӣ додани сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии вилоят ба ҳисоб меравад».
Дар се соли охир дар бисёр феҳристҳои арзишманди ҷаҳонӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои бонуфузи дунё аз Тоҷикистон ҳамчун аз як кишвари хеле муносиб барои рушди соҳаи ҷаҳонгардӣ ёдоварӣ мекунанд. Масалан соли гузашта маҷаллаҳои хориҷии «Диамир» ва «Глобетроттер» аз 4 то 7 саҳифаи худро ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бахшиданд. Дар ҳамин сол бештар аз 10 рӯзномаҳои чопи Олмон ва Швейтсария оид ба имкониятҳои рушди сайёҳии кишварамон мақолаҳо ба нашр расонданд. Рӯзномаи «20 дақиқа», ки дар давлати Швейтсария чоп мешавад, аз ҷумлаи ҳамин рӯзномаҳо мебошад.
Раиси Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир Асадшо Зоолшоев зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «дар Бадахшон чанд намуди туризмро равнақу ривоҷ додан мумкин аст, ки дар шароити кунунӣ бештари сайёҳон ба ин намудҳо таваҷҷуҳ доранд. Яке аз ин намудҳо кӯҳнавардӣ ва дигаре саёҳат аз тариқи пайроҳаҳои кӯҳӣ мебошад. Бо назардошти ин талабот, Ассотсиатсияи соҳаи сайёҳию экологӣ ва фарҳангӣ харитаи саёҳат аз тариқи пайроҳаҳои кӯҳиро таҳия намуда, ба ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳод мекунад. Соли гузашта боз як намуди дигари ҷолибро ба чанд сайёҳ пешниҳод намудем, ки ба онҳо писанд афтод. Ин дар минтақаи баландкӯҳи Мурғоб роҳандозӣ намудани қутоссаворӣ мебошад. Боварӣ дорем, ки дар оянда ин намуд ҳам ҳаводорони зиёд пайдо хоҳад кард».
Ба гуфтаи Асадшо Зоолшоев, Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир бо созмонҳои ватанию ҷаҳонӣ, бо шумули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «DIAMIR» «WELTWELT WANDERN» «TURKISH AIRLINES», созмонҳои ҳамкории Швейтсария, Олмон ва Бунёди Оғохон ҳамкорӣ дорад. Ҳамчунин мушовири соҳаи сайёҳии ташкилоти GIZ, мутааллиқ ба кишвари Олмон Матиас Пойшиел дар таҳия ва тадбиқи лоиҳаҳо ассотсиатсияро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунад.
«Мақсади мо ба бозори ҷаҳонӣ пайваст намудани ширкату шабакаҳои туристии маҳаллӣ, ҷалби ширкатҳои калонтарини Олмон барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонгардӣ мебошад. Дар соҳаи сайёҳӣ бештар ҷавонон фаъолият доранд. Дар Соли ҷавонон мо тасмим гирифтем аз ҳисоби донишҷӯёни факултаи туризм ва хизматрасонии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ гурӯҳи махсус таъсис дода, онҳоро ба давраҳои омӯзишӣ ҷалб намоем. Аз моҳи феврал то моҳи апрел аъзои ин гурӯҳ вобаста ба ихтисосашон дар ассотсиатсияи мо таҷриба омӯхтанд»,-баён дошт раиси Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир.
Таъсиси бозори рушдёбанда ва рақобатпазир, муқовимат бо инҳисор дар соҳаи туризм, мусоидат дар таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, маркетинги хизматрасонии сайёҳӣ ва амсоли инҳо вазифа ва ҳадафи асосии Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир ба шумор мераванд.













Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд






