Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар пойтахт шоу-барнома ва ҳамоиши «Мо насли истиқлолем!» доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 19.05.2017. /АМИТ Ховар/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 23 майи соли равон, соати 19:00 бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Соли ҷавонон дар Варзишгоҳи марказии пойтахт шоу-барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар пойтахт мувофиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 майи соли равон, соати 08-00 аз Муассисаи давлатии «Боғи Парчами миллӣ» бо баргузории ҳамоиши ҷавонон оғоз мегардад.
Дар майдони муассисаи мазкур ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Мо насли истиқлолем!» доир мегардад, ки дар он 6 ҳазор нафар ҷавонони пойтахт иштирок намуда, 3 ҳазор нафари онҳо тавассути хиёбони Исмоили Сомонӣ ва 3 ҳазор нафари дигар аз самти кӯчаи Ш.Шоҳтемур ворид гардида, дар майдони «Боғи Парчами миллӣ» ба ҳам мепайванданд.
Дар қисмати фароғатии барнома ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона ба рӯҳияи идонаи ҳамоиш шукӯҳи тоза мебахшанд.








НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад






