Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ

Май 20, 2017 19:31

ДУШАНБЕ, 20.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Шумо табрикоту тамманниёти самимии хешро иброз менамоям.

Кишварҳои мо бо такя ба муштаракоти безаволи фарҳангиву таърихӣ то имрӯз муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт ба роҳ мондаанд.

Итминон дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои содиқонаи муштарак дар давраи ҷадиди раисии Шумо ҳамшарикии гуногунарсаи кишварҳоямонро таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода бар асоси усулҳои эътирофгардидаи равобити байналмилалӣ — ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар – дар оянда низ талош варзад.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Эрон – сулҳу субот ва некуаҳволии беш аз пеш орзу дорам».

Май 20, 2017 19:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон