Барои дастгирии хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ қарзҳои хурди имтиёзнок пешбинӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 16 май дар Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзӣ даври аввали машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ» доир гашт.
Тавре ки аз Бонки миллӣ хабар доданд, даври омӯзишӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон» амалӣ мегардад.
Дар машварат муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, мушовири байналмилалӣ Муҳаммад Зубайр (Покистон) ва директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» Маҳмадулло Шералиев иштирок намуданд.
Машварат бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба дастгирии молиявии хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии ҷавонон ва занҳо таҳия гардида, бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва таҷрибаи ҳайати роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати ташкили хизматрасонии молиявӣ тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ барои амалӣ намудани барномаи VOLIP гузаронида мешавад.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ баён намуд, ки ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи мазкур паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ тавассути баланд бардоштани малакаи касбии шаҳрвандон, заминаи мусоид барои омӯзиш ва гирифтани тахассус, таъмини маблағгузории хурд барои идома додани фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
Зикр гардид, ки ҷиҳати дастгирии хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва худшуғл қарзҳои хурди имтиёзнок пешбинӣ шудаанд, ки тавассути ташкилотҳои қарзӣ дода мешаванд.
Марҳилаи омӯзишӣ барои намояндагони ташкилотҳои қарзӣ идома меёбад.
Баргузории даври дуюми машваратҳои омӯзишӣ барои кормандони масъули сохторҳои маҳаллии ташкилотҳои қарзӣ 18-23 май дар назар аст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






