Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Словакия дар Брюссел

Май 19, 2017 09:05

ДУШАНБЕ, 19.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Брюссел 18 май вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия Лукаш Паризек баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Словакияро баррасӣ карданд.

С. Аслов ва Л. Паризек ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳангию башарӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. Дар ин радиф, ҷонибҳо нақши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ ва суҳбатҳои соҳибкории ду кишварро, ки моҳи ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе барпо гаштанд, баланд арзёбӣ карданд.

Мусоҳибон ҳамчунин доир ба ҳамкории Тоҷикистону Словакия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар намуданд.

 

 

 

Май 19, 2017 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд