Баррасии баъзе мушкилоти ҳаёти ҷавонон бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
ДУШАНБЕ, 11.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби масъулини вазорату идораҳо ба вилояти Суғд сафар кард.
Тавре мудири бахши таҳлилу иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадуллоев хабар дод, 10 майи соли равон мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ғафуров, Исфисор ва Зарзамин доир шуд.
Аҳтам Абдуллозода аз таҳсили ғайриқонунии динии баъзе ҷавонон изҳори нигаронӣ карда, иброз дошт, ки «ба таҳсили ғайриқонунии динӣ рӯй овардани ҷавонон аз беаҳамиятӣ ва надонистани оқибатҳои даҳшатбори он аз ҷониби худи ҷавонон ва волидони онҳост. Волидон бояд ҳаёти фарзандони хешро зери хатар нагузошта, аз имкониятҳое, ки имрӯз барои аз худ намудани илмҳои динӣ дар Тоҷикистон фароҳам оварда шудаанд, истифода баранд».
Раиси Кумита ҳамчунин бо волонтёрони Маркази ҷавонони ноҳия вохӯрӣ доир кард. Зимни вохӯрӣ волонтёрон ба фаъолияти васеътар даъват карда шуданд.
Пас аз вохӯрӣ бо волонтёрон масъулин аз ҷараёни сохтмони майдончаи варзишӣ ва толори варзишие, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта мешавад, дидан намуданд. Раиси Кумита ин иқдомро дар Соли ҷавонон ҳамчун туҳфаи хотирмон барои мардуми ноҳия маънидод намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






