Баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон бо Паймони Неру дар Брюссел

Май 16, 2017 17:20

ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Паймони Неру(Хартияи энергетикӣ) Урбан Руснак вохӯрӣ намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон бо Паймони Неру матраҳ гардиданд.

Аҳамияти муҳокима ва табодули таҷриба бо Паймони Неру оид ба масъалаҳои вобаста ба амнияти энергетикӣ, инчунин нақши муҳими ин созмон дар самти талошҳо ҷиҳати бунёди чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ барои таъмини амнияти ҷаҳонии энергетикӣ таъкид карда шуд.

Сироҷидин Аслов ба Дабири кулли Паймони Неру барои дастгирии лоиҳаи CASA-1000 арзи сипос карда, ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Мусоҳибон ҳамчунин доир ба имконияти ҷалби Паймони Неру дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Иттиҳоди Аврупо дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.

 

Май 16, 2017 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд