Баррасии масоили гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда дар мулоқоти Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо роҳбари намояндагии Раёсати олии Комиссариати СММ

Май 30, 2017 18:47

ДУШАНБЕ, 30.05.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Душанбе Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода   бо роҳбари намояндагии Раёсати Олии Комисариати  СММ оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Вито Трани  мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот    Рамазон Раҳимзода   ҷиҳати ҳамкориҳои муфид дар соҳаи кор бо гурезаҳо ба   Раёсати Олии Комисариати  СММ оид ба гурезаҳо миннатдорӣ изҳор намуд ва иброз дошт, ки  саҳми ин  созмони бонуфуз дар таъмини ҳифзи ҳуқуқи ин гурӯҳи осебпазир назаррас мебошад.

Зикр гардид, ки  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ба танзим даровардани кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯяндаро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ роҳандозӣ менамояд. Дар ин раванд як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз он ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасвиб гардида, мавриди амал қарор дода шуданд.
Дар навбати худ роҳбари намояндагии Раёсати Олии Комисари СММ оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Вито Трани изҳор дошт, ки мушкилоти гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда хусусияти глобалӣ касб карда, яке аз масъалаҳои душвор дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Муҳокимаи ин масъалаҳо дар Созмони Милали Муттаҳид фаъолона амалӣ гардида, роҳҳои муфиди ҳифзи ин гурӯҳи осебпазири аҳолӣ ва расонидани кӯмак ба онҳо ҷустуҷӯ карда мешавад.

Таъкид гардид, ки дар ин замина Раёсати Олии Комисари СММ оид ба гурезаҳо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои зич ба роҳ монда, дар самти мукаммал намудани қонунгузорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда ва бешаҳрвандӣ як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки бо кӯшишҳои якҷоя мушкилоту проблемаҳои мавҷударо бартараф хоҳанд кард.

Рахимзода Комиссари ООН-2

Май 30, 2017 18:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд