Боздошти сокини ноҳияи Мурғоб бо сангҳои қиматбаҳои ёқут
ДУШАНБЕ, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 58-солаи сокини ноҳияи Мурғобро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо дастгир намуданд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дасти гумонбаршуда 1 адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилаш зиёда аз 31 грамм сангҳои сурхчатоб буданд, дарёфт ва мусодира карда шуд. Мутобиқи ташхиси коршиносон инҳо сангҳои қиматноки ёқут буда, марди гумонбар мехост онҳоро ғайриқонунӣ ба муомилот барорад.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






