Боздошти сокини ноҳияи Панҷ бо гумони дуздии моликияти шахсии шаҳрвандон
ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгир шудани зани 30-солаи сокини ноҳияи Панҷ, ки дар содир намудани якчанд ҳолати дуздии моликияти шахсии шаҳрвандон гумонбар мешавад, хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 30-солаи сокини ноҳияи Панҷро ҳамчун гумонбар дар содир намудани якчанд ҳолати дуздии моликияти шахсии шаҳрвандон дастгир намуданд.
Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда шаби 30-юми сентябри соли 2016, бо роҳи пинҳонӣ аз манзили истиқоматии сокинони ноҳияи Панҷ: марди 28-сола- ҷавоҳироти тиллоӣ ва либосҳои гуногун ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ, аз хонаи истиқоматии зани 48-сола ба маблағи 13 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти тиллоӣ ва 12 феврали соли 2017 аз хонаи марди 30-сола як адад печи нонпазӣ ва ашёҳои гуногуни рӯзгорро дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
«Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад»,-иттилоъ доданд аз Вазорат.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






