Бозиҳои аввали ҳаштякфиналии Ҷоми Тоҷикистон натиҷагирӣ шуданд

Май 29, 2017 11:39

ДУШАНБЕ, 29.05.2017 /АМИТ«Ховар»/. 27-28 май бозиҳои аввали даври ҳаштякфиналии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд. Дар як бозӣ мизбонон, дар ду дидор меҳмонон ғолиб омаданд ва се бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба поён расид.

Дастаи  футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар  дастаи «Сомон»-и Данғара бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Дастаи  «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат дар меҳмонӣ бар дастаи  «Зарафшон»-и Панҷакент бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи мизбон-  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Бозии  дастаи  «Барқчӣ»-и Ҳисор дар Душанбе бо дастаи  «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби  мусовии 2:2 хотима ёфт. Дастаи  ССКА «Помир»-и Душанбе бозиро дар майдони худ бо дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ низ бозиро бо дастаи меҳмон — «Эсхата»-и Хуҷанд  бидуни гол ба поён расонд.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои ҷавобии ҳаштякфиналии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 1-2 июн барпо мегарданд.

Бояд зикр кард, ки дар даври ҳаштякфиналии Ҷоми Тоҷикистон 12 даста рақобат мекунанд ва ғолибони ҷуфтҳо ба марҳилаи чорякфиналӣ роҳ меёбанд. «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва «Ҳосилот»-и Фархор, соҳиби медали  нуқраи чемпионати кишвар ба мубориза барои Ҷом аз даври чорякфиналӣ ҳамроҳ мешаванд.

 

 

Май 29, 2017 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд