«Бозори ҳунар» дар Боғи «Ирам»
ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-14 май дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои бадеии халқӣ «Бозори ҳунар» баргузор мегардад.
Фестивали «Бозори ҳунар» бо иқдоми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба бунёди инфрасохтори ҳунарҳои бадеии халқи тоҷик, такомули ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандон, эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ ва баланд бардоштани арзиши милливу эстетикии анвои ҳунарҳои бадеии халқӣ гузаронида мешавад.
«Фестивал бо иштироки беҳтарин ҳунармандони мардумӣ- кулолгарон, оҳангарон, дуредгарон, сангтарошон, заргарон, гулдӯзон, зардӯзон, ки барои намоиш додани ҳунари ороиши суннатӣ, чакану адрасбофӣ, рассомӣ, суннати таомпазӣ, нонпазӣ, чармгарӣ, сарояндагиву навозандагӣ, расму оинҳои марбут ба фолклор аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ ҷамъ меоянд, сурат мегирад»,-хабар доданд аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






