Дар Душанбе ҷаласаи ҳайати Кумитаи роҳбарикунанда оид ба муколамаи иҷтимоӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи ҳайати Кумитаи роҳбарикунанда оид ба муколамаи иҷтимоӣ 25 май дар пойтахти мамлакат баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин ҷаласа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд. Дар кори ҷаласа муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, ҳамоҳангсози доимии агентии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Шарифзода, мушовири Ташкилоти байналмилалии меҳнат Артём Сич ва масъулону мутахассисони идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Саида Умарзода зикр намуд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи давлат маҳсуб ёфта, дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. «Аз ин рӯ, сол аз сол ба соҳа таваҷҷуҳ афзун гашта, ҷиҳати рушди он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Тибқи «Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2015-2017», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 феврали соли 2015 тасдиқ гардидааст, аз рӯи принсипи «муколамаи иҷтимоӣ» дар Тоҷикистон пеш бурдани тавсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат бо роҳандозии чораҳои маҷмӯӣ, ки арзёбии вазъи сатҳи ҳадди ақали ҳифзи иҷтимоии аҳолиро таъмин менамоянд, амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо, пешбинӣ гардидааст»,-илова намуд муовини вазир.
Бояд гуфт, ки вазифа ва ҳадафҳои Кумитаи роҳбарикунанда аз баррасии натиҷаҳои тадқиқоту омӯзишҳо, мувофиқа ва қабули иқдомоти минбаъда, ки ба рушди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидаанд, иборат мебошад. Ҳамоҳангсози фаъолияти кумита Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, ташкили кор ва пешбурди ҳуҷҷатгузориҳои алоқаманд ба фаъолияти кумитаро таъмин менамояд.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки яке аз мақсадҳои гурӯҳҳои таъсисдодашуда- ин аз рӯи ҳар як кафолати тавсияшуда бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии меҳнат мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додани барномаҳо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






