Дар Душанбе Ҷамъомади навбатии ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои зиддитеррористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Май 30, 2017 16:28

ДУШАНБЕ, 30.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 31 май — 1 июни соли равон дар шаҳри Душанбе дар доираи Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои дорои хусусияти зӯроварӣ барои солҳои 2017-2019, ҷамъомади навбатии ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои зиддитеррористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.

Зимни ҷамъомад натиҷаҳои марҳалаи якуми амалиёти якҷояи мақомоти дахлдори зиддитеррористии кишварҳои ИДМ таҳти шиори «Душанбе-Зиддитеррор-2017» ҷамъбаст шуда, баргузор намудани марҳалаи дуюми амалиёт дар назар дошта шудааст.

Мувофиқи нақша дар марҳалаи дуюми амалиёти машқии зиддитеррористӣ бо истифода аз неруҳои ҳарбӣ озод намудани гаравгонҳо ва безарар гардонидани террористони шартӣ дар иншооти муҳими давлатӣ (маркази радио ва телевизиони ҷумҳуриявӣ) гузаронида шуда, ҳамчунин амалиёти ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои дар иҳота гирифтан ва пурра несту нобуд кардани гурӯҳи мусаллаҳе, ки хати сарҳади давлатиро рахна кардааст, амалӣ карда мешавад. Дар марҳалаи дуюми амалиёт ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, неруҳои округи ҳарбии марказии қувваҳои мусаллаҳи Россия, пойгоҳи 201-ум ва ҳавопаймоҳои неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Федератсияи Россия сафарбар карда мешаванд.

Дар доираи ҷамъомади Душанбе мулоқоти роҳбарияти Маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои ИДМ, КДАМ ҶТ ва ҳайати фармондеҳии округи ҳарбии марказии қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия бо намояндагони ВАО, инчунин намоиши силоҳу муҳимоти махсуси ҷангӣ  баргузор карда мешавад.

Дар ҷамъомади Душанбе намояндагони мақомоти амният, хадамоти махсус ва сохторҳои зиддитеррористии кишварҳои аъзои ИДМ, созмонҳои байналхалқӣ ва дигар мақомоти дахлдор иштирок мекунанд.

 

 

 

 

Май 30, 2017 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд