Дар Душанбе аввалин ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии миллӣ барои дарёфти унвони илмии докторӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, раиси Комиссияи олии аттестатсонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Академияи илмҳо, Прокуратураи генералӣ, Суди олии иқтисодӣ, раёсати муассисаҳои олии таълимӣ, дигар вазорату идораҳо нахустин ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии миллӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа вобаста ба ифтитоҳи Шӯрои диссертатсионии миллӣ зикр кард: «Дар меҳвари сиёсати илмиву маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илм дар ҷойи аввал қарор дорад. Маҳз бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои диссертатсионии миллӣ таъсис дода шуданд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки асосу пойдории ҳар як миллату давлат ба илми он вобастагӣ дорад».
«Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шудани ҷаласаи ифтитоҳии нахустин Шӯрои диссертатсионии миллӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, дар доираи иҷрои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси олӣ сурат гирифта, шаҳодат аз он медиҳад, ки дар Тоҷикистон соҳаи илмҳои фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ пеш рафтааст», — таъкид намуд А.Раҳмонзода.
Маҳмадисуф Имомзода, ректори ДМТ изҳор кард, ки «таъсиси Шӯрои диссертатсионии миллӣ барои дарёфти дараҷаи илмии докторӣ аз арзишмандтарин дастоварди Донишгоҳ дар замони соҳибихтиёрии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз сиёсати созандаи маорифпарваронаи Пешвои миллат сарчашма мегирад».
Бояд зикр кард, ки таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои боэътимоди ҳуқуқӣ-ташкилиро баҳри инкишофу пешрафти илми миллӣ ва муаррифии он дар сатҳи ҷаҳонӣ мегузоранд.
Акнун аспирантон, унвонҷӯён, муҳаққиқон ва докторантҳо бидуни маҳдудият дар Шӯрои диссертатсионии миллӣ аз рӯи се самт рисолаҳои докторӣ ва аз рӯи 11 самт рисолаҳои номзадӣ ҳимоя мекунанд.
Акрам САНГЗОДА










ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






