Дар гузаргоҳи якуми кӯчаи М. Турсунзода интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад

Май 13, 2017 12:03

ДУШАНБЕ, 13.05.2017. /АМИТ Ховар/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  аз    11 майи соли равон  «Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар  қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар гузаргоҳи якуми кӯчаи М. Турсунзода»  ба тасвиб расид.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода,  зикр  намуданд, ки  бо мақсади татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 августи соли 2016 «Дар бораи ғолиби тендер» оид ба «Азнавсозии гузаргоҳи якуми кӯчаи М. Турсунзода (аз майдони 800 — солагии Москва то кӯчаи Пӯлодӣ) ва кӯчаи Пӯлодӣ (аз кӯчаи М. Турсунзода то кӯчаи Бухоро)», ҷиҳати пайваст намудани қубури қутраш 325 мм ба қубурҳои амалкунанда тибқи нақшаи  чорабиниҳои мувофиқашудаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  муваққатан аз соати 8:00 рӯзи 17 то соати 8:00 рӯзи 18 майи соли 2017  интиқоли оби нӯшокӣ дар  қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар гузаргоҳи якуми кӯчаи М. Турсунзода қатъ мегардад.

Дар ҷараёни пайваст намудани қубурҳои амалкунанда, воқеъ дар гузаргоҳи якуми кӯчаи М. Турсунзода, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Пӯлодӣ, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо, С. Айнӣ, Беҳзод, Н. Муҳаммад, академик А. Адҳамов, гузаргоҳи якуми кӯчаи М. Турсунзода ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М. Турсунзода, Шоҳтемур, Пушкин, Теҳрон, Ш. Руставелӣ ва Бохтар қатъ мегардад.

Аз истифодабарандагони об дар кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

Раиси шаҳр  бо ин қарор раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ  ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» -ро вазифадор намуд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони кӯчаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷиҳати таҳти назорат қарор додани  сифати оби нӯшокӣ  мутобиқи талаботи санитарию эпидемиологӣ вазифадор гардид.

 

 

 

 

Май 13, 2017 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид