Дар Исфара ҳамкорӣ бо милитсия тақвият меёбад

Май 18, 2017 10:08

ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Қасри фарҳанги «Кимиёгарон»-и шаҳри Исфара бо ибтикори роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд мулоқоти озоду ошкоро доир гардид. Зимни он сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода бо фаъолон ва аҳли ҷамоати шаҳри Исфара суҳбат  доир намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрӣ бо мақсади коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд, ҳамкории милитсия бо мардум, қабули муроҷиат ва арзу дархостҳои шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони мақомот дар маҳали зисташон, баргузор намудани корҳои маърифативу фаҳмондадиҳӣ ва  пешгирикунанда доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, раисони ҷамоат ва шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо, имомхатибон, директорони мактабҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат ва нақлиёт, ҳамчунин ҷавонон ва фаъолони шаҳри Исфара иштирок намуданд.

Ба иштирокчиёни мулоқот филми мустанади дорои ҳадафи тарбиявии «Ворисони Аҳриман», ки аз ҷониби Маркази матбуоти РВКД дар вилояти Суғд омода шуда, аз ҳаёти талхи ҷавонони гумроҳшуда ва тақдири минбаъдаи онҳо, аҳдофи ғайридинӣ ва ғайриинсонии ҳизбу ҳаракат ва равияҳои ифротӣ, тақлидкорӣ ба фарҳанг ва тамаддуни ғайр қисса мекунад, ба намоиш гузошта шуд.

006

Сардори РВКД дар вилояти Суғд Шариф Назарзода оид ба вазъи содиршавии ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, риоя нагардидани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», коста гардидани маърифати ҳуқуқӣ, оила ва шаҳрдорӣ, интизоми пасти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғон, тамоюли бегонапарастӣ, вазъи ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои тундрави ифротгаро, иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар бо овардани далел ва мисолҳои дақиқ аз ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ бо намоиши слайдҳои тасвирӣ ва видеоӣ сухан гуфт.

 

Май 18, 2017 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид