Дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 муаррифӣ гардид

Май 24, 2017 15:29

ДУШАНБЕ, 24.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 24 майи соли 2017 дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин бахшида ба муаррифии санади стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар доданд.

Ҳамоиш бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамкорӣ бо Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Дар он намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳбарият ва кормандони марказҳои илмию тадқиқотии кишвари иқомат, намояндагони корпуси дипломатӣ ва воситаҳои ахбори омма, кормандони Котиботи СҲШ, инчунин намояндагони корхонаҳои чинӣ, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, иштирок доштанд.

Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов зикр намуд, ки «Тоҷикистони муосир кишвари тадриҷан рушдкунанда мебошад ва қабули чунин санади стратегӣ самти минбаъдаи рушди кишварро муайян мекунад». Рашид  Олимов ба он далел диққати махсус дод, ки «тӯли солҳои истиқлолият таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар татбиқ намудани як зумра ташаббусу лоиҳаҳои муҳими стратегии берунӣ ва дохилӣ муаяссар гардид, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистонро дарбар мегиранд».

Дар баробари ин Р. Олимов таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба он ҷалб намуд, ки барои расидан ба рушди босуботи ҳозираи кишвар мардуми баруманди тоҷик давраи таърихии душворро паси сар карда буд. «Низои байни тоҷикон, ки аз ҷониби неруҳои берунӣ сар зада буд, имкониятҳои рушди давлати навбунёди тоҷиконро дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр маҳдуд карда буд. Ба ин нигоҳ накарда, мардуми тоҷик бо хиради азалиаш тавонист, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии хешро ҳимоя кунад, аз низоъи дохилии вазнин берун барояд ва боварии ҷомеаи ҷаҳониро ба даст оварад»,-зикр кард Р. Олимов.

DSC02772Қисмати калидии суҳбат муаррифии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 гардид, ки онро Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода пешниҳод намуд.

П. Давлатзода иштирокчиёни ҳамоишро самимона хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки «дар ин толор дӯстон ва шарикони ҳақиқии Тоҷикистон ҷамъ омадаанд, ки барояшон тақвият додани дӯстӣ ва ҳамкорӣ як ҷузъи фаъолияти касбӣ ва тақдири ҳаёти шахсӣ гардидааст». Сафир ба олимон, фаъолон, «капитанҳо»-и саноат ва соҳибкорӣ, инчунин ба ходимони илмӣ ва фарҳанг барои саҳми онҳо дар рушди робитаҳои Тоҷикистону Чин миннатдории Ҳукумати кишварро баён кард.

Зимни муаррифии Стратегияи миллии рушд Парвиз Давлатзода зикр кард, ки он дар ҳамкорӣ бо тамоми вазорату идораҳои кишвар, доираи калони олимон, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тартиб дода шудааст. «Ин санади стратегӣ барои татбиқи авлавиятҳои асосии кишвар тавассути баланд бардоштани масъулияти мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба такмили низоми амалкунандаи муколама миёни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ чун замина хизмат мекунад»,- тазаккур дод Сафир.

Парвиз Давлатзода ба ҳозирин маълумот дод, ки дар давраи то соли 2030 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ҳадафи стратегӣ муайян карда шудаанд. «Якум, таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ, дуюм – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани ҷумҳурӣ, сеюм — таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат ва чорум – васеъ кардани маҳсулнокии шуғли аҳолӣ»,- иброз дошт Сафир.

Дар баробари ин, Сафир инчунин изҳор намуд, ки «дар марҳилаи нави рушд дар назди кишвар се вазифаи калидӣ истодаанд, ки инҳо расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии баробар ба кишварҳои миёнаҳоли дорои даромади миёна, таъмини рушди босубот тариқи таъмини гуногуншаклии мол ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва васеъ кардану тақвият додани қишри миёнаҳоли аҳолӣ мебошанд.

DSC02697 DSC02808

Дар ҳамоиш намояндагони доираи илмӣ ва соҳибкории Чин баромад карданд. Аз ҷониби онҳо зикр шуд, ки новобаста аз тамоюли манфии иқтисоди ҷаҳон, дар Тоҷикистон суръати нисбатан баланди рушди иқтисодиёт боқӣ мемонад ва ислоҳоти сохтории самаранок амалӣ мешавад. Маҷмӯи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба паст кардани таъсири манфии берунииқтисодӣ равона шуда буданд, аз ҷониби онҳо баланд баҳогузорӣ шуд.

Қисмати барномаи ҳамоиш, ки ба намоиши корхонаҳои чинии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда бахшида шуда буд, таваҷҷуҳи калонро ҷалб кард. Аз ҷумла, намоиши корхонаҳои «China Global”, «TBEA”, «China Road and Bridge Сonstruction”, Корпортасияи 19-уми сохтмони роҳи оҳан, корхонаи истихроҷ ва коркарди кони тилло «Пакрут», ширкати «Хуавэй» ва ғайра баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон     Парвиз  Давлатзода дар хотимаи ҳамоиш иброз намуд, ки Тоҷикистон имкониятҳои калони рушд ва тараққиёти минбаъда дорад. «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри худ захираҳои калон дорад, аз ҷумла захираҳои инсонии калон — ҷавонон ва наврасон, имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ ва саноати кӯҳӣ, захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ, манзараҳои зебои табиӣ ва инчунин наздикӣ ба марказҳои тиҷоратии Шимол, Ҷануб ва Шарқ. Дар кушодан ва ба кор даровардани ин имкониятҳо, таъмини сатҳи беҳтари зиндагонӣ мо барои ҳамкорӣ бо тамоми ҳамсоягон, дӯстон ва шарикони хеш омодаем», — гуфт Сафир.

 

Май 24, 2017 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Русия
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Москва
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд
Дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳамоиши «Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» баргузор гардид
Раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси Душанбе даъват шуд
Масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳон бо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Дар Душанбе бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 брифинг доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар Женева татбиқи лоиҳаҳо дар самти ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея рақамикунонии омӯзиши фанҳоро дар мактабҳои миёна табодули таҷриба менамоянд