Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамлаи мусаллаҳона дар марз хабар дод
ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 26 ноябри соли 2025 аз ҷониби қаламрави Афғонистон ба бошишгоҳи кормандони ҶДММ «Шоҳин СМ», воқеъ дар ҳавзаи масъулияти дидбонгоҳи 1-уми сарҳадии «Истиқлол»- отряди сарҳадии «Ёл»-и вилояти Хатлон ҳамлаи мусаллаҳона ба амал омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамлаи мазкур бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо норинҷак амалӣ гардида, дар натиҷаи он се корманди ҶДММ “Шоҳин СМ” — шаҳрвандони Чин ба ҳалокат расиданд.
Бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон барои ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобили судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд.
Ҷониби Тоҷикистон бо изҳори нигаронии амиқ ин амалҳои мудҳиши гурӯҳҳои ҳаросафканро қотеъона маҳкум намуда, аз мақомоти феълии Афғонистон барои андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати таъмини суботу амният дар хати сарҳади давлатии ду кишвари ҳамсоя даъват ба амал меорад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид






