Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 3, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишори маълумоти паҳннамудаи Агентии иттилооти “Reuters”-ро доир ба гӯё музокироти идомаёбанда миёни Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавриди ҷалби низомиёни Русия оид ба посбонии муштарак (гаштзанӣ)-и марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон рад мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазорат таъкид менамояд, ки хабари мазкур ба воқеият мувофиқат надорад ва паҳн кардани чунин маълумоти бардурӯғ боиси фиреб додани аудиторияи байналмилалӣ хоҳад шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои заруриро, ки ба таҳкими боэътимоди сарҳади давлатӣ нигаронида шудаанд, амалӣ менамояд.

Вазъият дар сарҳади давлатӣ муътадил боқӣ монда, таҳти назорати пурраи мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Декабрь 3, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд