Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд

Ноябрь 29, 2025 09:28

ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 29-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси шабакаи муосири «ҳушманд» ва аз ҷиҳати экологӣ устувори нақлиётӣ аст, ки Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ғарбиро мепайвандад.

Сироҷиддин Муҳриддин нақши боризи Тоҷикистонро дар таҳия, пешбарӣ ва татбиқи ташаббусҳои глобалии соҳаи об таъкид намуда, кишварҳои аъзои  Созмони ҳамкории иқтисодиро ба Конфронси чаҳоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки моҳи майи 2026 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.

Ҷонибҳо маҷмуи ҳамкорӣ ва роҳҳои таҳкими онро дар доираи созмон мавриди муҳокима қарор доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Ноябрь 29, 2025 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд