Дар Кумитаи рушди маҳал масъалаҳои мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии онро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 26.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, ҳайати кормандон ва кормандони Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он» ҷамъомад баргузор гардид.
«Ҷамъомади имрӯза бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузор намудани мулоқотҳо бо мақсади кам кардани амалҳои коррупсионӣ ва пешгирии амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ баргузор гардид»,-иброз дошт Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Саидғуфрони Абдулло, сардори шуъбаи назорати ҳуқуқии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳое, ки ба мубориза бо коррупсия ва пешгирии хавфҳои коррупсионӣ дахл доранд, чунин иброз дошт: «Иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад. Вобаста ба ошкор намудани омилҳои институтсионалӣ, ки ба коррупсия мусоидат мекунанд, аз тарафи воҳидҳои сохтории Кумита таҳлилҳо гузаронида мешаванд».
Зикр шуд, ки коррупсия яке аз душвортарин масъалаҳо ва мушкилоти ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад. «Мутаассифона, то имрӯз бо вуҷуди он ки барои аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ медиҳанд, вале то ҳол ба ҳеҷ як давлати дунё муяссар нашудааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад. Аксари давлатҳои дунё тавонистаанд сатҳи ин падидаи номатлубро то ҳадде коҳиш диҳанд. Аз ҷумла, барои паст кардани ин зуҳуроти номатлуб тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо назардошти оқибатҳои ногувори ин падидаи номатлуб бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ шуд, ки дар доираи он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян гардиданд ва татбиқи он идома дорад»,- гуфт Шодком Турсунзода, сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






