Дар маҷмааи «Динамо» мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи юнонию румӣ оғоз шуд

Май 18, 2017 10:12

ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи юнонию румӣ оғоз гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.

Миёни варзишгарони навраси Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» таҳти шиори «Ҷавонон – ояндасози Ватан», ки тайи ду рӯз идома меёбад, ҷиҳати иштирок беш аз 400 нафар варзишгарони наврасу ҷавони мактабҳои варзишии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва аксари минтақаҳои Тоҷикистон- вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъ омаданд.

Мусобиқаи мазкур ба Соли ҷавонон бахшида шуда, варзишгарони наврасу ҷавон қувва ва маҳорату тавоноии худро бори дигар дар назди мухлисону тамошобинони зиёд нишон доданд. Дар мусобиқа аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» 43 дастпарвари он ба майдони қувваозмоӣ баромаданд.

Дар мусобиқа муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии ҶТ Аслиддин Шоҳиён намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба онҳо барои ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва муносибатҳои дӯстона миннатдорӣ изҳор кард.

 

Май 18, 2017 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд