Дар моҳи Рамазон бозорҳои шаҳри Душанбе бо молу маҳсулоти арзон ғанӣ гардонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.05.2017./АМИТ «Ховар»/. Ба хотири дар моҳи шарифи Рамазон боло нарафтани нархи маҳсулот ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти нисбатан арзони мавриди ниёзи аввал роҳбарони КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе», «Бозори Деҳқон», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат» ва дигар идораю муассисаҳои дахлдор вазифадоранд, ки тӯли ин моҳ барои соҳибкорону тоҷирон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҶТ ва иттифоқи «Тоҷикматлубот», ки ба бозорҳо маҳсулот мебароранд, шароит фароҳам оранд ва онҳоро аз пардохти маблағҳои яквақта озод намоянд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тибқи қарори мазкур дар моҳи шарифи Рамазон дар таваққуфгоҳи назди КВД «Бозори меҳргон», майдончаи назди бозори «Қарияи Боло», майдончаи назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон воқеъ дар кӯчаи Ҳусейнзода-36, қисмати ҷанубии Боғи «Дӯстии халқҳо» аз ҷониби кишоварзони минтақаҳои гуногуни мамлакат ярмарка-фурӯши молу маҳсулот доир карда мешавад. Илова бар ин, маъмурияти бозорҳо вазифадор шуданд, ки бевосита бо истифода аз маблағҳои молиявии худӣ, ҳамарӯза дар моҳи шарифи Рамазон мустақиман харид, ворид, захира ва фурӯши маҳсулоти аввалияро дар бозорҳо таъмин кунанд.








НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад






