Дар шаҳри Кӯлоб таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ зиёд мегардад

Май 2, 2017 16:40

КӮЛОБ, 02.05.2017  /АМИТ  «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади соҳибкасб намудан ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани занону духтарон  коргоҳи хурди атласу адрасбофӣ фаъол гардонида шуд. Минбаъд  дар ин коргоҳ занону духтарони маҳаллӣ метавонанд ин касби хонаводагиро аз худ намоянд ва мустақилона ба кор ҷалб гарданд. Дастгоҳҳои мазкур дар маҳаллаи Абдушукуроваи шаҳри Кӯлоб васл гардида, 20 нафар хоҳишмандон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Ин дуюмин коргоҳи омӯзишӣ дар шаҳри Кӯлоб буда, дар рӯзҳои наздик дар маҳалла ва ҷамоатҳои деҳот ифтитоҳи чунин коргоҳҳо  дар назар аст.

Тавре  Саида Нурляминова, мудири бахши кор бо занони шаҳр  иттилоъ  дод,   ба коргоҳ мутахассисони соҳибтаҷриба аз маркази истеҳсолии Навгилеми шаҳри Исфара ҷалб гардида, давоми як моҳ ба духтарон касби бофандагӣ меомӯзонанд.

«Дар шаҳри Кӯлоб  ҳунарҳои мардумӣ аз байн нарафта, баръакс рушд мекунанд. Аз ҷумла, ҳунарҳои чакану кашидадӯзӣ, зардӯзию заргарӣ, сабадбофӣ, кулолгарӣ ва дигар ҳунарҳои халқиро бонувон пайваста ривоҷ медиҳанд», — илова намуд Саида Нурляминова.

Ба гуфтаи мутахассисон, ашёи хом барои атласу адрасбофӣ аз вилояти Суғд дастрас гардида, дар нақша аст, ки барои пурра таъмин намудани коргоҳҳои вилояти Хатлон дар маркази вилоят истеҳсоли ашёи хомро ба роҳ монанд.

 

Май 2, 2017 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид