Дар шаҳри Норак бо мақсади рушди туризм конференсия доир гардид

Май 19, 2017 11:15

НОРАК, 19.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  рушди соҳаи туризм ва ба талаботи бозори соҳа мутобиқ намудани сифати хизматрасониҳо, мубодилаи таҷрибаи намояндагони соҳаи туризми ҷумҳурӣ, махсусан хизматрасонии муносиби қабулу гусели меҳмонон ва омода намудани роҳбаладони касбӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вобаста ба муаррифии имкониятҳои рушди туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи миллии сайёҳӣ баргузор шуд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд.

Ҷамъомад аз намоиши маҳсули дасти ҳунармандони шаҳр ва армуғонҳои сайёҳӣ оғоз гардид.

Дар ҷамъомади мазкур  намояндагони Кумита- Абдукарим Қурбонов, Раёсати ҷавонони вилоят- Азизҷон Азизов, намояндаи ширкати сайёҳӣ- Нодири Маъруф, муовини раиси шаҳр Шаҳло Ҳасанзода, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, фаъолону ҷавонон иштирок намуда,  роҷеъ ба имкониятҳои рушди туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ сухан гуфтанд.

Норак. Конференсияи туризм (2) Норак. Конференсияи туризм (1)

Май 19, 2017 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст