Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд»
ДУШАНБЕ, 12.05.2017/АМИТ «Ховар»/. 11 майи соли равон дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сараввал раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр намуд, ки мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буда, чун як оилаи тифоқ зиндагӣ мекарданд.
«Мо бо Ӯзбекистон на танҳо сарҳади ягона дорем, балки урфу одат ва арзишҳои фарҳангиямон низ монанд мебошанд. Солҳост, ки риштаҳои иҷтимоӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ моро бо ҳам мепайванданд»,- иброз дошт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.
Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон оид ба дӯстии байни ду намояндаи адабиёти тоҷик ва ӯзбек- Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ки дар эҷодиёташон пайваста меҳру муҳаббат ва дӯстиву инсонпарвариро тараннум кардаанд, ҳарф зад.
Сипас, барономаи консертии ҳунарпешагони ӯзбек манзури аҳли толор шуда, сазовори баҳои баланд гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз, 12 май соати 14:00 дар кинотеатри «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон идома ёфта, филми ҳунарии «Ойқиз эртаги» (Афсонаи моҳлиқо) намоиш дода мешавад.
Маросими ҷамъбасти Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барпо мегардад.










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






