Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд»

Май 12, 2017 10:47

ДУШАНБЕ, 12.05.2017/АМИТ  «Ховар»/.  11 майи соли равон дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сараввал раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр намуд, ки мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буда, чун як оилаи тифоқ зиндагӣ мекарданд.

«Мо бо Ӯзбекистон на танҳо сарҳади ягона дорем, балки урфу одат ва арзишҳои фарҳангиямон низ  монанд мебошанд. Солҳост, ки риштаҳои иҷтимоӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ моро бо ҳам мепайванданд»,- иброз дошт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.

Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон оид ба дӯстии байни ду намояндаи адабиёти тоҷик ва ӯзбек- Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ки дар эҷодиёташон пайваста меҳру муҳаббат ва дӯстиву инсонпарвариро тараннум кардаанд, ҳарф зад.

Сипас, барономаи консертии ҳунарпешагони ӯзбек манзури аҳли толор шуда,  сазовори баҳои баланд гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз, 12 май соати 14:00 дар кинотеатри «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе  Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон идома ёфта, филми ҳунарии «Ойқиз эртаги» (Афсонаи моҳлиқо) намоиш дода мешавад.

Маросими ҷамъбасти  Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ   барпо мегардад.

DSC_8916 IMG_1178

 

 

Май 12, 2017 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст